НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ .
март 18 2024

ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ .

 

   Имрӯз, 16 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар хоҷагии деҳқонии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз фаъолияти кишоварзон ва рафти киштукор дар саҳро огоҳ гардида, ба маъракаи кишти пахта оғоз бахшиданд. Хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегов (собиқ колхози “Комунизм”) дар солҳои 20 –уми асри гузашта ҳамчун хоҷагиҳои хурд-хурд арзи ҳастӣ намудааст. Соли 1960 колхози “Коммунизм” ва “Калининобод” якҷоя карда шуда, як хоҷагии калонро ташкил намуданд, ки сарварии ин колхозро Ниёзмуҳаммад Бегов ба уҳда гирифт ва то соли 1986 онро роҳбарӣ менамуд. Ин марди корозмуда ва заҳматкаш тавонист хоҷагиро обод намуда, дар давоми 30 соли роҳбарияш як хоҷагии назарногирро ба як хоҷагии ободу зебоманзар ва овозадор табдил диҳад. Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар хоҷагӣ тамоми намуди маҳсулотҳои кишоварзӣ кишт карда мешавад. Асоси кори хоҷагиро пахтакорӣ ва чорводорӣ ташкил медиҳад. Хоҷагии мазкур 1550 гектар заминро фаро гирифта, 2100 саҳмдор дорад. Пахта аз маҳсулоти асосии содиротии давлат маҳсуб ёфта, сол то сол арзиши аслии маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад. Аз ин рӯ, раиси вилоят дастур доданд, ки кишоварзон тибқи нақша масоҳати кишти пахтаро васеъ карда, дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ муваффақ гарданд. Инчунин, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ, аз ҷумла коркарди саривақтии байни қаторҳо ва таъмин бо нуриҳои минералӣ диққати ҷиддӣ дода шавад. Сипас, раиси вилоят дар қисмати дигари ин хоҷагӣ дар мъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуда, ба масъулин дастур доданд, ки хона ба хона гашта, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд ва бо истифода аз кӯчактарин имконият дар корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии муҳити атроф ҳиссагузор бошанд.

 

 Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Навиди Балх

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
16 октябрь 2023
Асосӣ / Меҳмонхонаҳо
САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ

САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Санаи 3 октябри соли 2023 Сарвазири Ҷумҳурии

Маълумоти бештар
14 апрель 2023
Асосӣ / Мақомоти иҷроия
ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР СЕМОҲАИ СОЛИ 2023 Имрӯз 13 апрели соли

Маълумоти бештар
25 октябрь 2023
Асосӣ / Кишоварзӣ
ҶАМЪОВАРИИ БО МАРОМИ

ҶАМЪОВАРИИ БО МАРОМИ ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Соҳаи пахтакорӣ ба рушди саноати сабук, содироти маҳсулот

Маълумоти бештар
06 март 2023
---
ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА

О Ғ ОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ АЛОЛИДДИНИ БАЛХ Ӣ Д ар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 

Серхонанда