ИФТИТТОҲИ БОЗ ЯК БУНГОҲИ ДИГАР ДАР НОҲИЯ |
ИФТИТТОҲИ БОЗ ЯК БУНГОҲИ ДИГАР ДАР НОҲИЯ Имрӯз 4-уми феврал бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам дар деҳаи Ангурзори Ҷамоати деҳоти Навоии ноҳия бунгоҳи саломатӣ кушода шуд. Ин бунгоҳ дар ноҳия бунгоҳи 40-ум мебошад. То ҳол дар ноҳия 39 бунгоҳ фаъолият мекарданд ва 12 бунгоҳ бо мошини ёрии таъҷилӣ таъмин ҳастанд. Акнун бунгоҳи навтаъсис ба зиёда аз 2500 аҳолӣ хизмат мерасонад. Дар бунгоҳи мазкур ҳамагӣ 4 корманди тиб ва 1 фаррош ба ҷои кор таъмин гардиданд.
Баргаштан |
12-02-2025, 12:07 |