ИФТИТТОҲИ БОЗ ЯК БУНГОҲИ ДИГАР ДАР НОҲИЯ
Имрӯз 4-уми феврал бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам дар деҳаи Ангурзори Ҷамоати деҳоти Навоии ноҳия бунгоҳи саломатӣ кушода шуд. Ин бунгоҳ дар ноҳия бунгоҳи 40-ум мебошад. То ҳол дар ноҳия 39 бунгоҳ фаъолият мекарданд ва 12 бунгоҳ бо мошини ёрии таъҷилӣ таъмин ҳастанд. Акнун бунгоҳи навтаъсис ба зиёда аз 2500 аҳолӣ хизмат мерасонад. Дар бунгоҳи мазкур ҳамагӣ 4 корманди тиб ва 1 фаррош ба ҷои кор таъмин гардиданд.