РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯ ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД |
РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯ ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД 22 феврали соли ҷорӣ дар толори Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ 32-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд. Чорабинӣ бо ташрифи роҳбарияти ноҳия ба гӯшаи расмҳои ҷашнии тасвирнамуда, ки аз ҷониби хонандагони мактаби санъати бачагона ва дигар муассисаҳои таълимӣ омода гардида буданд, оғоз ёфт. Ин расмҳо ва дастовардҳо барои тамошо ба ҳозирин пешкаш шуда, онҳо муҳтавои ҷашнро бо шодиву хурсандӣ қабул карданд. Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло, дар суханронии тантанавии худ, ҳамаи иштирокчиён ва сокинони ноҳияро бахшида ба ин санаи таърихӣ табрик намуда, онҳоро ба заҳмату талошҳо ва иқдомоти нави ватандӯстона ҳидоят кард. Ӯ дар суханони худ таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу субот ва ваҳдат даст ёфта, дар барқарор кардани оромӣ ва амният дар кишвар нақши муҳим ва арзишманд дорад. Раиси ноҳия аз саҳми арзанда ва хидмати беназиру қаҳрамонӣ, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дигар фарзандони ватандӯст ба он додаанд, ёдовар шуда, афзуд, ки ҷавонон имрӯз хизмати ҳарбиро ба сифати шарафи бузург ҳисобида, кӯшиш менамоянд, ки ба Ватан хизмати софдилона кунанд. Инчунин иброз намуд, ки дар солҳои охир, теъдоди ҷавононе, ки мехоҳанд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат кунанд, зиёд гардида, даъвати ҳарбӣ солҳои минбаъда бе мушкилот ва сари вақт ба анҷом мерасад. Дар идома, ба муносибати ин рӯзи муҳимми таърихӣ, ба чандин роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо барои фаъолияти пурсамар ва натиҷабахшашон Ифтихорномаҳо, Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Ҳамзамон раиси ноҳия, Холиқзода Рустам Ҳикматулло низ бо медали ҷашнӣ қадрдонӣ гардид. Чорабинӣ бо барномаи идонаи бахши фарҳанги ноҳия, ки дар он шеъру таронаҳои ватандӯстона ҷой дошт, дар байни ҳозирин бо шодиву хурсандӣ хотима ёфт. Баргаштан |
26-02-2025, 09:01 |