НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯ ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД
февраль 26 2025

РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯ ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД

                               РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР  НОҲИЯ ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД

    22 феврали соли ҷорӣ дар толори Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ 32-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.

   Чорабинӣ бо ташрифи роҳбарияти ноҳия ба гӯшаи расмҳои ҷашнии тасвирнамуда, ки аз ҷониби хонандагони мактаби санъати бачагона ва дигар муассисаҳои таълимӣ омода гардида буданд, оғоз ёфт. Ин расмҳо ва дастовардҳо барои тамошо ба ҳозирин пешкаш шуда, онҳо муҳтавои ҷашнро бо шодиву хурсандӣ қабул карданд. Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло, дар суханронии тантанавии худ, ҳамаи иштирокчиён ва сокинони ноҳияро бахшида ба ин санаи таърихӣ табрик намуда, онҳоро ба заҳмату талошҳо ва иқдомоти нави ватандӯстона ҳидоят кард. Ӯ дар суханони худ таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу субот ва ваҳдат даст ёфта, дар барқарор кардани оромӣ ва амният дар кишвар нақши муҳим ва арзишманд дорад. Раиси ноҳия аз саҳми арзанда ва хидмати беназиру қаҳрамонӣ, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дигар фарзандони ватандӯст ба он додаанд, ёдовар шуда, афзуд, ки ҷавонон имрӯз хизмати ҳарбиро ба сифати шарафи бузург ҳисобида, кӯшиш менамоянд, ки ба Ватан хизмати софдилона кунанд. Инчунин иброз намуд, ки дар солҳои охир, теъдоди ҷавононе, ки мехоҳанд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат кунанд, зиёд гардида, даъвати ҳарбӣ солҳои минбаъда бе мушкилот ва сари вақт ба анҷом мерасад. Дар идома, ба муносибати ин рӯзи муҳимми таърихӣ, ба чандин роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо барои фаъолияти пурсамар ва натиҷабахшашон Ифтихорномаҳо, Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Ҳамзамон раиси ноҳия, Холиқзода Рустам Ҳикматулло низ бо медали ҷашнӣ қадрдонӣ гардид. Чорабинӣ бо барномаи идонаи бахши фарҳанги ноҳия, ки дар он шеъру таронаҳои ватандӯстона ҷой дошт, дар байни ҳозирин бо шодиву хурсандӣ хотима ёфт.  

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 26 февраль 2025 09:01
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 150
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Март 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31