КУМАК ВА ДАСТАРХОНИ ИДОНА БАРОИ САРБОЗОН |
КУМАК ВА ДАСТАРХОНИ ИДОНА БАРОИ САРБОЗОН 22 феврали соли 2025, дар арафаи таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои сарбозон ва ҷашнгирии ин рӯз, дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бо иштироки муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ ва дигар масъулин чорабинии идона дар Дидбонгоҳи сарҳадии Қалъаи Файзободи Қисми ҳарбии 0306 РҚС КДАМ дар ноҳияи Панҷ баргузор гардид. Дар ин рӯз, ба сарбозони Дидбонгоҳи мазкур маводи хӯрока ва лавозимоти муҳим, аз қабили орд, равған, шакар, намак, тухм, биринҷ, макарон ва дигар маҳсулот, ки барои таъмини шароити беҳтари сарбозон зарур буданд, кумак расонида шуд. Ҳамчунин, дастархони идона ороста шуда, барои сарбозон хӯроки гарм омода карданд. Муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ бо суханҳои пурмазмуни ватандӯстона сарбозонро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, хизмат дар сафи Артиши миллиро нангу номуси мардонагӣ ва ифтихори ватандорӣ арзёбӣ намуд. Қурбонзода иброз дошт, ки ин амал як рамзи арҷгузорӣ ва эҳтиром ба хизматҳои фарзандони Тоҷикистон ва қаҳрамониҳои онҳо дар назди халқу Ватан маҳсуб меёбад. Сипас, барои болидарӯҳии сарбозон, ки дар гӯшаву канори кишвар ва аз ҷумла, аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои муҳофизат аз сарҳад ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарор доранд, аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сурудҳои ватандӯстона пешкаш гардида, садову навоҳои ширини онҳо эҳсоси ифтихори ватандорӣ ва садоқат ба Ватанро дар дили сарбозон пурзӯртар намуд. Чорабинӣ ба таври муассир ва бо меҳру эҳтироми зиёд ба сарбозон баргузор шуд, то онҳо ҳис кунанд, ки барои мардум ва Ватан муҳиму арзишманданд. Баргаштан |
26-02-2025, 09:15 |