НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Сайёҳи » Маъмурият » Мақомоти иҷроия » КУМАК ВА ДАСТАРХОНИ ИДОНА БАРОИ САРБОЗОН
февраль 26 2025

КУМАК ВА ДАСТАРХОНИ ИДОНА БАРОИ САРБОЗОН

                                               КУМАК ВА ДАСТАРХОНИ ИДОНА БАРОИ САРБОЗОН

        22 феврали соли 2025, дар арафаи таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои сарбозон ва ҷашнгирии ин рӯз, дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бо иштироки муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ ва дигар масъулин чорабинии идона дар Дидбонгоҳи сарҳадии Қалъаи Файзободи Қисми ҳарбии 0306 РҚС КДАМ дар ноҳияи Панҷ баргузор гардид.

     Дар ин рӯз, ба сарбозони Дидбонгоҳи мазкур маводи хӯрока ва лавозимоти муҳим, аз қабили орд, равған, шакар, намак, тухм, биринҷ, макарон ва дигар маҳсулот, ки барои таъмини шароити беҳтари сарбозон зарур буданд, кумак расонида шуд. Ҳамчунин, дастархони идона ороста шуда, барои сарбозон хӯроки гарм омода карданд.     

    Муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ бо суханҳои пурмазмуни ватандӯстона сарбозонро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, хизмат дар сафи Артиши миллиро нангу номуси мардонагӣ ва ифтихори ватандорӣ арзёбӣ намуд.  

     Қурбонзода иброз дошт, ки ин амал як рамзи арҷгузорӣ ва эҳтиром ба хизматҳои фарзандони Тоҷикистон ва қаҳрамониҳои онҳо дар назди халқу Ватан маҳсуб меёбад. Сипас, барои болидарӯҳии сарбозон, ки дар гӯшаву канори кишвар ва аз ҷумла, аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои муҳофизат аз сарҳад ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарор доранд, аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сурудҳои ватандӯстона пешкаш гардида, садову навоҳои ширини онҳо эҳсоси ифтихори ватандорӣ ва садоқат ба Ватанро дар дили сарбозон пурзӯртар намуд. Чорабинӣ ба таври муассир ва бо меҳру эҳтироми зиёд ба сарбозон баргузор шуд, то онҳо ҳис кунанд, ки барои мардум ва Ватан муҳиму арзишманданд.  

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
30 май 2024
Асосӣ / Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
28 МАЙ - РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ

28 МАЙ - РӮ ЗИ ҚӮ ШУНҲ ОИ САРҲ АДӢ Санаи 28 май и соли 2024 дар Рӯзи таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Март 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31