ОМӮЗИШИ ҲУНАР - РОҲИ МУВАФФАҚИЯТ ВА КОМЁБӢ |
ОМӮЗИШИ ҲУНАР - РОҲИ МУВАФФАҚИЯТ ВА КОМЁБӢ Ҳунар яке аз сармояҳои бебаҳои инсон аст, ки онро бо ҳеҷ гуна дороӣ, сарват ё симу зар иваз кардан ё харидан мумкин нест. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ ва соҳибэҳтиром мегардонад. Одаме, ки ҳунар дорад, метавонад дар ҳама ҳолат барои худ роҳи дурусти зиндагиро интихоб кунад ва мустақилона рӯзгори худро пеш барад.Бо дарки ҳамин аҳамияти бузург, имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳунаромӯзии хонандагон таваҷҷуҳи бештар дода мешавад. Дар партави чунин ҳидоятҳо, бо дастгирии муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37, ки дар деҳаи Қизилнамунаи Ҷамоати деҳоти Навобод ҷойгир аст, синфхонаи махсуси дӯзандагӣ таъсис ёфтааст. Дар ин синфхона омӯзгор Сайлонбӣ Мирзоева ба духтарони синфҳои 4 то 11 ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла: нақшдӯзӣ, қароқдӯзӣ, сӯзанизанӣ ва дигар навъҳои дӯзандагиро таълим медиҳад. Ҳунарҳои мазкур на танҳо ба духтарон малакаҳои касбӣ меомӯзонанд, балки онҳоро барои оянда мустақилона кор кардан ва даромади шахсӣ пайдо намудан омода месозанд. Ҳамзамон, ҳунарҳои мардумӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ буда, омӯзиши онҳо барои ҳифзи суннатҳои ниёгон нақши муҳим мебозад. Илова бар ҳунарҳои дӯзандагӣ, дар ин муассиса гурӯҳи навозандагӣ низ фаъолият дорад, ки бо дастгирии Мактаби санъати бачагонаи ноҳия таъсис ёфтааст. Дарсҳои мусиқиро омӯзгор Амриддин Саидов ба хонандагон таълим медиҳад. Омӯзиши ҳунари навозандагӣ ба рушди эҷодкорӣ ва зеҳнии кӯдакон мусоидат намуда, ҳисси зебоипарастии онҳоро инкишоф медиҳад. Дар баробари ин, мусиқӣ метавонад ба баланд шудани сатҳи дарки маънавӣ ва равонии хонандагон кумак расонад. Ҳамчунин, дар муассиса барои хонандагони синфҳои 2 то 11 гурӯҳи расмкашӣ амал мекунад. Дар ин гурӯҳ омӯзгор Фотима Боева ба хонандагон санъати тасвирӣ ва усулҳои гуногуни рассомиро таълим медиҳад. Расмкашӣ танҳо як шуғли шавқовар набуда, балки василаи ифодаи тафаккур ва эҳсосоти инсон аст. Омӯзиши ин ҳунар кӯдаконро барои инкишофи хаёлоти эҷодӣ, ҳассосият ва завқи бадеӣ мусоидат менамояд. Илова бар ҳунарҳои амалӣ ва эҷодӣ, хонандагони ин муассиса метавонанд дар курсҳои иловагии забони русӣ ва англисӣ низ таҳсил кунанд. Ин имконият ба онҳо кумак мекунад, ки сатҳи дониши забони худро беҳтар намуда, дар оянда имкони таҳсил ва кор дар муҳити байналмилалиро пайдо кунанд. Ҳунаромӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ на танҳо воситаи гирифтани касби муайян аст, балки роҳи инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият ба шумор меравад. Он ба хонандагон имконият медиҳад, ки малакаҳои гуногунро аз бар намоянд, мустақилона кор кунанд ва дар оянда дар ҷомеа мавқеи худро пайдо намоянд. Тавре ки мардум мегӯянд: "Ҳунар беҳ аз симу зар аст!". Баргаштан |
3-03-2025, 12:02 |