НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Иҷтимоъ » Фарҳанг » ОМӮЗИШИ ҲУНАР - РОҲИ МУВАФФАҚИЯТ ВА КОМЁБӢ
март 03 2025

ОМӮЗИШИ ҲУНАР - РОҲИ МУВАФФАҚИЯТ ВА КОМЁБӢ

                                               ОМӮЗИШИ ҲУНАР - РОҲИ МУВАФФАҚИЯТ ВА КОМЁБӢ

    Ҳунар яке аз сармояҳои бебаҳои инсон аст, ки онро бо ҳеҷ гуна дороӣ, сарват ё симу зар иваз кардан ё харидан мумкин нест. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ ва соҳибэҳтиром мегардонад.   Одаме, ки ҳунар дорад, метавонад дар ҳама ҳолат барои худ роҳи дурусти зиндагиро интихоб кунад ва мустақилона рӯзгори худро пеш барад.Бо дарки ҳамин аҳамияти бузург, имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳунаромӯзии хонандагон таваҷҷуҳи бештар дода мешавад.

Дар партави чунин ҳидоятҳо, бо дастгирии муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37, ки дар деҳаи Қизилнамунаи Ҷамоати деҳоти Навобод ҷойгир аст, синфхонаи махсуси дӯзандагӣ таъсис ёфтааст. Дар ин синфхона омӯзгор Сайлонбӣ Мирзоева ба духтарони синфҳои 4 то 11 ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла: нақшдӯзӣ, қароқдӯзӣ, сӯзанизанӣ ва дигар навъҳои дӯзандагиро таълим медиҳад.

 Ҳунарҳои мазкур на танҳо ба духтарон малакаҳои касбӣ меомӯзонанд, балки онҳоро барои оянда мустақилона кор кардан ва даромади шахсӣ пайдо намудан омода месозанд. Ҳамзамон, ҳунарҳои мардумӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ буда, омӯзиши онҳо барои ҳифзи суннатҳои ниёгон нақши муҳим мебозад. Илова бар ҳунарҳои дӯзандагӣ, дар ин муассиса гурӯҳи навозандагӣ низ фаъолият дорад, ки бо дастгирии Мактаби санъати бачагонаи ноҳия таъсис ёфтааст. Дарсҳои мусиқиро омӯзгор Амриддин Саидов ба хонандагон таълим медиҳад.

Омӯзиши ҳунари навозандагӣ ба рушди эҷодкорӣ ва зеҳнии кӯдакон мусоидат намуда, ҳисси зебоипарастии онҳоро инкишоф медиҳад. Дар баробари ин, мусиқӣ метавонад ба баланд шудани сатҳи дарки маънавӣ ва равонии хонандагон кумак расонад. Ҳамчунин, дар муассиса барои хонандагони синфҳои 2 то 11 гурӯҳи расмкашӣ амал мекунад. Дар ин гурӯҳ омӯзгор Фотима Боева ба хонандагон санъати тасвирӣ ва усулҳои гуногуни рассомиро таълим медиҳад.

Расмкашӣ танҳо як шуғли шавқовар набуда, балки василаи ифодаи тафаккур ва эҳсосоти инсон аст. Омӯзиши ин ҳунар кӯдаконро барои инкишофи хаёлоти эҷодӣ, ҳассосият ва завқи бадеӣ мусоидат менамояд. Илова бар ҳунарҳои амалӣ ва эҷодӣ, хонандагони ин муассиса метавонанд дар курсҳои иловагии забони русӣ ва англисӣ низ таҳсил кунанд. Ин имконият ба онҳо кумак мекунад, ки сатҳи дониши забони худро беҳтар намуда, дар оянда имкони таҳсил ва кор дар муҳити байналмилалиро пайдо кунанд.

Ҳунаромӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ на танҳо воситаи гирифтани касби муайян аст, балки роҳи инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият ба шумор меравад. Он ба хонандагон имконият медиҳад, ки малакаҳои гуногунро аз бар намоянд, мустақилона кор кунанд ва дар оянда дар ҷомеа мавқеи худро пайдо намоянд. Тавре ки мардум мегӯянд: "Ҳунар беҳ аз симу зар аст!".  

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Март 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31