ШАРАФИ ХИЗМАТ ҲАМЕША БОҚИСТ: АРҶГУЗОРӢ БА СОБИҚАДОРОНИ МИЛИТСИЯ |
ШАРАФИ ХИЗМАТ ҲАМЕША БОҚИСТ: АРҶГУЗОРӢ БА СОБИҚАДОРОНИ МИЛИТСИЯ Рӯзи 16 апрели соли 2025 дар толори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии Раиси Шӯрои собиқадорони милитсияи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон - полковники мустаъфии милитсия Табарзода Валиҷон бо собиқадорони милитсия ва нафақагирони ШВКД-и ноҳия баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти ШВКД, собиқадорони сохтор ва ҳайати шахсии милитсия ширкат варзиданд. Вохӯрӣ бо мақсади муаррифӣ ва баррасии фаъолияти Шӯрои собиқадорон, нафақагирони милитсия, тақвияти ҳамкорӣ миёни насли собиқадору ҷавон ва ҷалби бештари таҷрибаи амалии собиқадорон ба кори ҳаррӯзаи ШВКД доир гардид. Муовини сардори ШВКД, майори милитсия Абдулозода Б., зимни баромади худ фармони сардори ШВКД-ро оид ба густариши ҳамкорӣ бо собиқадорон ва нақши онҳо дар таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ироа намуд. Полковники мустаъфии милитсия Табарзода Валиҷон дар суханронии худ аз муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, аз нақши муҳими собиқадорони милитсия дар рушди касбии кормандони ҷавон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи садоқат ба давлату миллат ёдовар гардид. Табарзода Валиҷон инчунин оид ба фармони ШВКД дар бораи ҷалби собиқадорон ба корҳои амалӣ, омодагиҳо ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар ҶБВ ва саҳми онҳо дар ҳаёти ҷомеа андешаҳои арзишманд баён намуд. Сипас, Раиси Шӯрои собиқадорон ва нафақагирони ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ - подполковники милитсия Нидоев Ғиёс маълумот дод, ки дар ҳайати Шӯрои собиқадорон феълан 246 нафар ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла: 36 нафар собиқадороне ҳастанд, ки зиёда аз 25 сол собиқаи хизматӣ доранд,139 нафар то 25 сол собиқаи хизматӣ доранд, 5 нафар иштирокчиёни ҷанги Афғонистон ,30 нафар аз рӯи вазъи саломатӣ маъюб ,36 ва нафар ҳамсарони кормандони фавтида мебошанд. Зикр гардид, ки ҳамаи ин афрод дар гузашта бо масъулияти баланд вазифаҳои хизматиашонро иҷро намуда, имрӯз низ бо содиқ мондан ба савганди худ ба давлат ва Пешвои миллат, омодаанд дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти сокинон саҳм гузоранд. Таъкид шуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2025 ба оилаҳои собиқадорон ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ расонида шудааст. Ҳамчунин, дар доираи ҳамин вохӯрӣ ба 4 нафар аз ҳамсарони кормандони фавтида кӯмаки молиявӣ дода шуд. Ин гуна вохӯриҳо баҳри тақвияти робитаи наслҳо, қадршиносии хизматҳои шахсиятҳои фидокор ва боз ҳам самараноктар шудани фаъолияти ШВКД мусоидат менамоянд.
Баргаштан |
21-04-2025, 14:31 |