НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ШАРАФИ ХИЗМАТ ҲАМЕША БОҚИСТ: АРҶГУЗОРӢ БА СОБИҚАДОРОНИ МИЛИТСИЯ
апрель 21 2025

ШАРАФИ ХИЗМАТ ҲАМЕША БОҚИСТ: АРҶГУЗОРӢ БА СОБИҚАДОРОНИ МИЛИТСИЯ

       ШАРАФИ ХИЗМАТ ҲАМЕША БОҚИСТ: АРҶГУЗОРӢ БА СОБИҚАДОРОНИ МИЛИТСИЯ

Рӯзи 16 апрели соли 2025 дар толори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии Раиси Шӯрои собиқадорони милитсияи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон - полковники мустаъфии милитсия Табарзода Валиҷон бо собиқадорони милитсия ва нафақагирони ШВКД-и ноҳия баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти ШВКД, собиқадорони сохтор ва ҳайати шахсии милитсия ширкат варзиданд.

Вохӯрӣ бо мақсади муаррифӣ ва баррасии фаъолияти Шӯрои собиқадорон, нафақагирони милитсия, тақвияти ҳамкорӣ миёни насли собиқадору ҷавон ва ҷалби бештари таҷрибаи амалии собиқадорон ба кори ҳаррӯзаи ШВКД доир гардид. Муовини сардори ШВКД, майори милитсия Абдулозода Б., зимни баромади худ фармони сардори ШВКД-ро оид ба густариши ҳамкорӣ бо собиқадорон ва нақши онҳо дар таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ироа намуд.

Полковники мустаъфии милитсия Табарзода Валиҷон дар суханронии худ аз муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, аз нақши муҳими собиқадорони милитсия дар рушди касбии кормандони ҷавон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи садоқат ба давлату миллат ёдовар гардид. Табарзода Валиҷон инчунин оид ба фармони ШВКД дар бораи ҷалби собиқадорон ба корҳои амалӣ, омодагиҳо ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар ҶБВ ва саҳми онҳо дар ҳаёти ҷомеа андешаҳои арзишманд баён намуд. Сипас, Раиси Шӯрои собиқадорон ва нафақагирони ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ - подполковники милитсия Нидоев Ғиёс маълумот дод, ки дар ҳайати Шӯрои собиқадорон феълан 246 нафар ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла: 36 нафар собиқадороне ҳастанд, ки зиёда аз 25 сол собиқаи хизматӣ доранд,139 нафар то 25 сол собиқаи хизматӣ доранд, 5 нафар иштирокчиёни ҷанги Афғонистон ,30 нафар аз рӯи вазъи саломатӣ маъюб ,36 ва нафар ҳамсарони кормандони фавтида мебошанд.

Зикр гардид, ки ҳамаи ин афрод дар гузашта бо масъулияти баланд вазифаҳои хизматиашонро иҷро намуда, имрӯз низ бо содиқ мондан ба савганди худ ба давлат ва Пешвои миллат, омодаанд дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти сокинон саҳм гузоранд.

Таъкид шуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2025 ба оилаҳои собиқадорон ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ расонида шудааст. Ҳамчунин, дар доираи ҳамин вохӯрӣ ба 4 нафар аз ҳамсарони кормандони фавтида кӯмаки молиявӣ дода шуд. Ин гуна вохӯриҳо баҳри тақвияти робитаи наслҳо, қадршиносии хизматҳои шахсиятҳои фидокор ва боз ҳам самараноктар шудани фаъолияти ШВКД мусоидат менамоянд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 21 апрель 2025 14:31
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 67
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
15 ноябрь 2022
Асосӣ
10 НОЯБР – РӮЗИ

10 НОЯБР – Р Ӯ ЗИ МИЛИТСИЯИ ТО Ҷ ИК Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик дар

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
29 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Мақомоти иҷроия
ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930