КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТИ МАҲДУДДОШТА БО КУМАКҲОИ ҒИЗОӢ ВА ТУҲФАҲО ДАСТГИРӢ ЁФТАНД |
КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТИ МАҲДУДДОШТА БО КУМАКҲОИ ҒИЗОӢ ВА ТУҲФАҲО ДАСТГИРӢ ЁФТАНД Ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн таҷлил мегардад, 30 майи соли 2025 дар доираи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабиниҳои хайриявӣ бо ҳадафи дастгирии кӯдакони имконияти маҳдуддошта баргузор гардиданд. Дар доираи ин иқдом, дар Ҷамоати шаҳраки Балх ва Ҷамоати деҳоти Ҳалевард ба кӯдакони имконияти маҳдуддошта кумакҳои ғизоӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Кумакҳо асосан аз маводи озуқаи аввалия, лавозимоти рӯзгор ва бозичаҳои кӯдакона иборат буданд, ки бо назардошти ниёзҳои инфиродии кӯдакон интихоб ва тақсим шуданд. Мақсад аз ташкили чунин чорабиниҳо боло бурдани ҳисси дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои иҷтимоии ин табақа ва фароҳам овардани муҳити гарму дӯстона барои онҳо мебошад. Илова бар кумакҳои расмии мақомоти маҳаллӣ, дар ин рӯз аз тарафи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ва Ҷамоати деҳоти Ҳалевард низ бо саҳми фаъолонааш дар ин амали хайр ширкат варзида, ба чандин кӯдаки имконияташон маҳдуд туҳфаҳо ва маводи ғизоӣ пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, дар Ҷамоати деҳоти Ҳалевард раисони маҳаллаҳо ва шахсони саховатпеша низ аз ин иқдоми инсондӯстона канор намонда, бо пешниҳоди кумаки ихтиёрии худ саҳм гузоштанд. Бо баргузор гардидани чунин чорабиниҳои хайриявӣ на танҳо кӯдакони имконияташон маҳдуд, балки волидони онҳо низ эҳсоси дастгирӣ ва ҳамдардии ҷомеаро дарёфтанд. Ин амали нек нишонаи равшани дастгирии пайвастаи ҳукумати маҳаллӣ ва аҳли ҷомеа ба табақаҳои ниёзманд арзёбӣ гардид. Баргаштан |
19-06-2025, 08:03 |