НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТИ МАҲДУДДОШТА БО КУМАКҲОИ ҒИЗОӢ ВА ТУҲФАҲО ДАСТГИРӢ ЁФТАНД
июнь 19 2025

КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТИ МАҲДУДДОШТА БО КУМАКҲОИ ҒИЗОӢ ВА ТУҲФАҲО ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

            КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТИ МАҲДУДДОШТА БО КУМАКҲОИ ҒИЗОӢ ВА ТУҲФАҲО ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

      Ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн таҷлил мегардад, 30 майи соли 2025 дар доираи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабиниҳои хайриявӣ бо ҳадафи дастгирии кӯдакони имконияти маҳдуддошта баргузор гардиданд. Дар доираи ин иқдом, дар Ҷамоати шаҳраки Балх ва Ҷамоати деҳоти Ҳалевард ба кӯдакони имконияти маҳдуддошта кумакҳои ғизоӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.     

Кумакҳо асосан аз маводи озуқаи аввалия, лавозимоти рӯзгор ва бозичаҳои кӯдакона иборат буданд, ки бо назардошти ниёзҳои инфиродии кӯдакон интихоб ва тақсим шуданд. Мақсад аз ташкили чунин чорабиниҳо боло бурдани ҳисси дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои иҷтимоии ин табақа ва фароҳам овардани муҳити гарму дӯстона барои онҳо мебошад.

 Илова бар кумакҳои расмии мақомоти маҳаллӣ, дар ин рӯз аз тарафи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ва Ҷамоати деҳоти Ҳалевард низ бо саҳми фаъолонааш дар ин амали хайр ширкат варзида, ба чандин кӯдаки имконияташон маҳдуд туҳфаҳо ва маводи ғизоӣ пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, дар Ҷамоати деҳоти Ҳалевард раисони маҳаллаҳо ва шахсони саховатпеша низ аз ин иқдоми инсондӯстона канор намонда, бо пешниҳоди кумаки ихтиёрии худ саҳм гузоштанд.

Бо баргузор гардидани чунин чорабиниҳои хайриявӣ на танҳо кӯдакони имконияташон маҳдуд, балки волидони онҳо низ эҳсоси дастгирӣ ва ҳамдардии ҷомеаро дарёфтанд. Ин амали нек нишонаи равшани дастгирии пайвастаи ҳукумати маҳаллӣ ва аҳли ҷомеа ба табақаҳои ниёзманд арзёбӣ гардид.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 19 июнь 2025 08:03
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 31
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
15 ноябрь 2022
Асосӣ
10 НОЯБР – РӮЗИ

10 НОЯБР – Р Ӯ ЗИ МИЛИТСИЯИ ТО Ҷ ИК Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик дар

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30