ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ |
ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ 29 майи соли 2025 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ бо гурӯҳҳои кории сатҳи ноҳиявӣ доир гардид. Мақсади асосии баргузории вохӯрӣ таҳкими корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон ва волидайн, оид ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ахлоқӣ арзёбӣ гардид. Муовини раиси ноҳия дар суханронии худ таъкид кард, ки гурӯҳҳои корӣ бояд фаъолияти худро дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тақвият бахшида, дар ҳар як маҳал ва деҳа корҳои тарғиботиро ба таври мунтазам ба роҳ монанд. Дар рафти вохӯрӣ масоили зерин мавриди баррасӣ ва таъкид қарор гирифтанд: -Пешгирии паҳншавии фарҳанги бегона ва тарғиби арзишҳои миллӣ, бахусус ҳифзи муқаддасоти либоси миллӣ; -Ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва иртиҷоӣ; -Риоя ва татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи кӯдак"; -Рафъи камбудиҳо ва ҷоннок намудани корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар мавзеъҳои аҳолинишин, бо назардошти омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; -Зарурати пардохти саривақтии хизматрасониҳои коммуналӣ, оби ошомиданию полезӣ ва истифодаи оқилонаи манобеи энергетикӣ; -Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар заминаи қонунвайронкуниҳо вобаста ба пардохти қувваи барқ ва истифодаи он. Дар интиҳои вохӯрӣ Қурбонзода Қурбоналӣ ба масъулини гурӯҳҳои корӣ супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки бояд бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда, сатҳи огоҳии шаҳрвандон баланд бардошта шуда, муносибати масъулона ба иҷрои талаботи қонун ва арзишҳои миллӣ ташвиқ гардад. Ҳамзамон, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки бо масъулияти баланд ва рӯҳи ватандӯстона ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва рушди иҷтимоии ҷомеа саҳм гузоранд. Баргаштан |
19-06-2025, 13:57 |