НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ
июнь 19 2025

ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ

                                                     ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ

         29 майи соли 2025 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ бо гурӯҳҳои кории сатҳи ноҳиявӣ доир гардид. Мақсади асосии баргузории вохӯрӣ таҳкими корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон ва волидайн, оид ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ахлоқӣ арзёбӣ гардид.

Муовини раиси ноҳия дар суханронии худ таъкид кард, ки гурӯҳҳои корӣ бояд фаъолияти худро дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тақвият бахшида, дар ҳар як маҳал ва деҳа корҳои тарғиботиро ба таври мунтазам ба роҳ монанд.

Дар рафти вохӯрӣ масоили зерин мавриди баррасӣ ва таъкид қарор гирифтанд: -Пешгирии паҳншавии фарҳанги бегона ва тарғиби арзишҳои миллӣ, бахусус ҳифзи муқаддасоти либоси миллӣ; -Ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва иртиҷоӣ; -Риоя ва татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи кӯдак"; -Рафъи камбудиҳо ва ҷоннок намудани корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар мавзеъҳои аҳолинишин, бо назардошти омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; -Зарурати пардохти саривақтии хизматрасониҳои коммуналӣ, оби ошомиданию полезӣ ва истифодаи оқилонаи манобеи энергетикӣ; -Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар заминаи қонунвайронкуниҳо вобаста ба пардохти қувваи барқ ва истифодаи он.

Дар интиҳои вохӯрӣ Қурбонзода Қурбоналӣ ба масъулини гурӯҳҳои корӣ супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки бояд бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда, сатҳи огоҳии шаҳрвандон баланд бардошта шуда, муносибати масъулона ба иҷрои талаботи қонун ва арзишҳои миллӣ ташвиқ гардад. Ҳамзамон, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки бо масъулияти баланд ва рӯҳи ватандӯстона ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва рушди иҷтимоии ҷомеа саҳм гузоранд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 19 июнь 2025 13:57
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 42
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
29 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Мақомоти иҷроия
ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30