СОХТМОНИ МАРКАЗИ АГРОЛОГИСТИКА ДАР НОҲИЯ ОҒОЗ МЕЁБАД |
СОХТМОНИ МАРКАЗИ АГРОЛОГИСТИКА ДАР НОҲИЯ ОҒОЗ МЕЁБАД 3-юми июни соли 2025 ҳайати намояндагони Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» таҳти роҳбарии Раҳматова Раъно ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварданд. Дар доираи ин сафар, вохӯрӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид, ки дар он як қатор шахсони масъул ва намояндагони сохторҳои маҳаллӣ ширкат варзиданд. Дар ин вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, намояндагони бахши кишоварзӣ, иқтисод ва рушди иҷтимоии маҳаллӣ ва дигар масъулин иштирок доштанд. Мавзӯи асосии ҷаласа оғози расмии сохтмони Маркази агрологистика дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Маданият буд. Раҳматова Раъно, роҳбари ҳайати ташрифоварда, иброз дошт, ки мақсади асосии ташрифи онҳо ҳамоҳангсозии амалҳо барои оғози босамари ин лоиҳаи муҳими инфрасохторӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, таъсиси Маркази агрологистика як иқдоми муҳими стратегӣ дар самти рушди соҳибкорӣ ва тақвияти имкониятҳои бозорёбӣ барои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ба шумор меравад. Ин марказ дар оянда ба ҳайси нуқтаи мутамарказшуда барои нигоҳдорӣ, бастабандӣ, коркард ва интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ хизмат хоҳад кард. Муовини раиси ноҳия, Қурбонзода Қурбоналӣ, зимни баромади худ изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия омодаанд, ки шароитҳои заруриро барои татбиқи босамари ин лоиҳа фароҳам оранд ва барои ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ низ чораҳо андешида хоҳанд шуд. Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба марҳилаҳои татбиқи лоиҳа, нақшаи сохтмон, ҷалби мутахассисон ва имкониятҳои сармоягузорӣ табодули афкор намуданд. Инчунин пешниҳод гардид, ки барои ҳамоҳангсозии минбаъдаи корҳои сохтмон ва идоракунии лоиҳа як гурӯҳи корӣ ташкил карда шавад. Баргаштан |
23-06-2025, 13:55 |