НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » СОХТМОНИ МАРКАЗИ АГРОЛОГИСТИКА ДАР НОҲИЯ ОҒОЗ МЕЁБАД
июнь 23 2025

СОХТМОНИ МАРКАЗИ АГРОЛОГИСТИКА ДАР НОҲИЯ ОҒОЗ МЕЁБАД

                               СОХТМОНИ МАРКАЗИ АГРОЛОГИСТИКА ДАР НОҲИЯ ОҒОЗ МЕЁБАД

      3-юми июни соли 2025 ҳайати намояндагони Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» таҳти роҳбарии Раҳматова Раъно ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварданд. Дар доираи ин сафар, вохӯрӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид, ки дар он як қатор шахсони масъул ва намояндагони сохторҳои маҳаллӣ ширкат варзиданд.

 Дар ин вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, намояндагони бахши кишоварзӣ, иқтисод ва рушди иҷтимоии маҳаллӣ ва дигар масъулин иштирок доштанд. Мавзӯи асосии ҷаласа оғози расмии сохтмони Маркази агрологистика дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Маданият буд. Раҳматова Раъно, роҳбари ҳайати ташрифоварда, иброз дошт, ки мақсади асосии ташрифи онҳо ҳамоҳангсозии амалҳо барои оғози босамари ин лоиҳаи муҳими инфрасохторӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, таъсиси Маркази агрологистика як иқдоми муҳими стратегӣ дар самти рушди соҳибкорӣ ва тақвияти имкониятҳои бозорёбӣ барои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ба шумор меравад.

 Ин марказ дар оянда ба ҳайси нуқтаи мутамарказшуда барои нигоҳдорӣ, бастабандӣ, коркард ва интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ хизмат хоҳад кард. Муовини раиси ноҳия, Қурбонзода Қурбоналӣ, зимни баромади худ изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия омодаанд, ки шароитҳои заруриро барои татбиқи босамари ин лоиҳа фароҳам оранд ва барои ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ низ чораҳо андешида хоҳанд шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба марҳилаҳои татбиқи лоиҳа, нақшаи сохтмон, ҷалби мутахассисон ва имкониятҳои сармоягузорӣ табодули афкор намуданд. Инчунин пешниҳод гардид, ки барои ҳамоҳангсозии минбаъдаи корҳои сохтмон ва идоракунии лоиҳа як гурӯҳи корӣ ташкил карда шавад.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 23 июнь 2025 13:55
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 142
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
29 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Мақомоти иҷроия
ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

Маълумоти бештар
08 февраль 2023
Асосӣ
МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ

МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ НАЗДИ ПРОКУРОРИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Санаи 2 феврали соли 2023 сол дар толори бинои

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30