МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ: 12 ДАСТА БАРОИ ПИРӮЗӢ ТАЛОШ ВАРЗИДАНД |
МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ: 12 ДАСТА БАРОИ ПИРӮЗӢ ТАЛОШ ВАРЗИДАНД Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 27-28 августи соли 2025 дар Варзишгоҳи Панҷшер бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мусобиқаи кушоди интихобӣ оид ба футбол байни наврасон доир гардид. Дар ин мусобиқа 12 дастаи футболи наврасон бо шумули 168 варзишгар аз синну соли то 12 сола (U-12) ва то 13 сола (U-13) ширкат варзиданд. Дар давоми ду рӯз дастаҳо бо руҳияи баланди варзишӣ ва омодагии ҷиддӣ барои ишғоли ҷойҳои намоён талош намуданд. Мақсади баргузории мусобиқа сазовор таҷлил кардани Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, ҳамзамон интихоби ҳайати мунтахаби ноҳия низ дар назар дошта шудааст. Ин даста дар марҳилаҳои ояндаи мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ миёни ҳамсолон аз гурӯҳҳои U-12 ва U-13 иштирок хоҳад кард. Баъд аз анҷоми бозиҳо ғолибони мусобиқа ва бозигарони фаъол аз ҷониби роҳбарияти мактаби варзишӣ бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Чорабинии мазкур бо фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ҷамъбаст шуд.
Баргаштан |
Сегодня, 07:16 |