НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ: 12 ДАСТА БАРОИ ПИРӮЗӢ ТАЛОШ ВАРЗИДАНД
сентябрь 02 2025

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ: 12 ДАСТА БАРОИ ПИРӮЗӢ ТАЛОШ ВАРЗИДАНД

МИҲД н. Ҷ. Балхӣ Сегодня, 07:16 --- 5

                          МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ: 12 ДАСТА БАРОИ ПИРӮЗӢ ТАЛОШ ВАРЗИДАНД

      Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 27-28 августи соли 2025 дар Варзишгоҳи Панҷшер бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мусобиқаи кушоди интихобӣ оид ба футбол байни наврасон доир гардид. Дар ин мусобиқа 12 дастаи футболи наврасон бо шумули 168 варзишгар аз синну соли то 12 сола (U-12) ва то 13 сола (U-13) ширкат варзиданд. Дар давоми ду рӯз дастаҳо бо руҳияи баланди варзишӣ ва омодагии ҷиддӣ барои ишғоли ҷойҳои намоён талош намуданд.

Мақсади баргузории мусобиқа сазовор таҷлил кардани Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, ҳамзамон интихоби ҳайати мунтахаби ноҳия низ дар назар дошта шудааст. Ин даста дар марҳилаҳои ояндаи мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ миёни ҳамсолон аз гурӯҳҳои U-12 ва U-13 иштирок хоҳад кард. Баъд аз анҷоми бозиҳо ғолибони мусобиқа ва бозигарони фаъол аз ҷониби роҳбарияти мактаби варзишӣ бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Чорабинии мазкур бо фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ҷамъбаст шуд.

 

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 02 сентябрь 2025 07:16
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 5
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 декабрь 2023
Асосӣ / Фарҳанг
ДАСТОВАРДҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ

ДАСТОВАРДҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ МАКТАБИ ВАРЗИШИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. Варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати

Маълумоти бештар
28 май 2024
Асосӣ / Варзиш / Фарҳанг
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

Р Ӯ ЗИ Ҷ А Ҳ ОНИИ ФУТБОЛ ТА Ҷ ЛИЛ КАРДА ШУД. Рӯзи 25 майи соли 2024 нахустин маротиба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
27 август 2022
Асосӣ / Варзиш
Дар варзишгоҳи марказии

Дар минтақаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маросими ҷоизасупории Чемпионати Тоҷикистон миёни духтарони 13 -

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930