ФАРҲАНГ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРНОМАИ "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" ТАҶАССУМ ЁФТ |
ФАРҲАНГ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРНОМАИ "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" ТАҶАССУМ ЁФТ Шоми 30 августи соли равон дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Навобод, чорабинии фарҳангии бошукӯҳ таҳти унвони «Шукӯҳи Истиқлол» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши идона роҳбарияти ноҳия, масъулони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, сокинони ҷамоат ва меҳмонон ширкат варзиданд. Баргузории ин чорабинӣ ба ифтихори ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҳадафаш арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими руҳу ифтихори ватандӯстӣ байни сокинон буд. Дар ҷараёни барнома баромадҳои санъаткорон ва иҷрои сурудҳои ватандӯстона пешниҳоди иштирокчиён гардид. Шамъи шодию сурурро дар ин шаб ба барномаи консертӣ ҳунарнамоии сарояндаи маъруфи кишвар Манижаи Сабо афзуд, ки бо иҷрои таронаҳои дилнишинаш фазои идонаро боз ҳам зеботар сохт. Иштироки фаъолонаи сокинон ва ҳузури васеи меҳмонон аз руҳияи баланди миллӣ ва ҳамбастагии мардум шаҳодат медод. Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва бо эҳсоси ифтихор аз дастовардҳои Истиқлол ба анҷом расид.
Баргаштан |
Сегодня, 07:27 |