НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ФАРҲАНГ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРНОМАИ "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" ТАҶАССУМ ЁФТ
сентябрь 02 2025

ФАРҲАНГ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРНОМАИ "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" ТАҶАССУМ ЁФТ

МИҲД н. Ҷ. Балхӣ Сегодня, 07:27 --- 6

                     ФАРҲАНГ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРНОМАИ "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" ТАҶАССУМ ЁФТ

      Шоми 30 августи соли равон дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Навобод, чорабинии фарҳангии бошукӯҳ таҳти унвони «Шукӯҳи Истиқлол» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши идона роҳбарияти ноҳия, масъулони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, сокинони ҷамоат ва меҳмонон ширкат варзиданд. Баргузории ин чорабинӣ ба ифтихори ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҳадафаш арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими руҳу ифтихори ватандӯстӣ байни сокинон буд. Дар ҷараёни барнома баромадҳои санъаткорон ва иҷрои сурудҳои ватандӯстона пешниҳоди иштирокчиён гардид. Шамъи шодию сурурро дар ин шаб ба барномаи консертӣ ҳунарнамоии сарояндаи маъруфи кишвар Манижаи Сабо афзуд, ки бо иҷрои таронаҳои дилнишинаш фазои идонаро боз ҳам зеботар сохт. Иштироки фаъолонаи сокинон ва ҳузури васеи меҳмонон аз руҳияи баланди миллӣ ва ҳамбастагии мардум шаҳодат медод. Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва бо эҳсоси ифтихор аз дастовардҳои Истиқлол ба анҷом расид.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 02 сентябрь 2025 07:27
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 6
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар
02 сентябрь 2025
---
ТАНТАНАИ "ШУКӮҲИ

ТАНТАНАИ "ШУК ӮҲ И ИСТИ Қ ЛОЛ" БО ИШТИРОКИ САНЪАТКОРОН ВА СОКИНОН

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930