НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ТАНТАНАИ "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" БО ИШТИРОКИ САНЪАТКОРОН ВА СОКИНОН
сентябрь 02 2025

ТАНТАНАИ "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" БО ИШТИРОКИ САНЪАТКОРОН ВА СОКИНОН

МИҲД н. Ҷ. Балхӣ Сегодня, 08:14 --- 4

                    ТАНТАНАИ "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" БО ИШТИРОКИ САНЪАТКОРОН ВА СОКИНОН

          Рӯзи 1 сентябри соли ҷорӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ташаббуси Идораи шабакаҳои барқ ва фурӯши барқи ноҳия чорабинии бошукӯҳи фарҳангиву маърифатӣ таҳти унвони «Шукӯҳи Истиқлол» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши идона роҳбарияти ноҳия, намояндагони ташкилоту идораҳои давлатӣ, сокинони маҳаллӣ ва меҳмонон ширкат варзида, руҳияи баланди ватандӯстиву истиқлолхоҳиро таҷлил намуданд.

Ҳадафи баргузории чорабинӣ арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими ҳисси ваҳдату ифтихори миллӣ арзёбӣ шуд. Дар идома, барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ ва намоиши рақсу сурудҳои миллӣ идома ёфт. Зебоии чорабинӣ бо ҳунарнамоии сарояндаи маъруф Шаҳло Давлатова бештар афзуда, садои сурудҳои ватандӯстонаи ӯ руҳбаландӣ ва шукӯҳи махсус бахшид. Иштирокчиён бо самимият ва шодмонии идона ҳамроҳи сурудҳо ҳамовозӣ намуда, фазои ҷашнро боз ҳам рангорангтар карданд. Чорабинии «Шукӯҳи Истиқлол» на танҳо як ҳамоиши фарҳангӣ, балки рамзи ҳамбастагии мардум дар таҳкими арзишҳои истиқлолият ва эҳёи суннатҳои миллӣ унвон мешавад.

Сокинони ноҳия баргузории чунин иқдомҳоро муҳим дониста, онро омили таҳкими ваҳдати миллӣ ва болоравии эҳсоси масъулиятшиносӣ дар назди Ватан арзёбӣ мекунанд.

 

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 02 сентябрь 2025 08:14
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 4
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
26 август 2025
---
ТАНТАНАИ ВАҲДАТУ

ТАНТАНАИ ВАҲДАТУ ХУДШИНОСӢ: БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ"

Маълумоти бештар
11 август 2025
---
ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ - ҶАШНИ

ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ - ҶАШНИ ВАҲДАТ ВА ИФТИХОР ДАР ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Маълумоти бештар
02 сентябрь 2025
---
ФАРҲАНГ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ФАРҲАНГ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРНОМАИ "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" ТАҶАССУМ ЁФТ

Маълумоти бештар
20 август 2025
---
ТАНТАНАИ "ШУКӮҲИ

ТАНТАНАИ "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ"

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930