ТАНТАНАИ "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" БО ИШТИРОКИ САНЪАТКОРОН ВА СОКИНОН


                    ТАНТАНАИ "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" БО ИШТИРОКИ САНЪАТКОРОН ВА СОКИНОН

          Рӯзи 1 сентябри соли ҷорӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ташаббуси Идораи шабакаҳои барқ ва фурӯши барқи ноҳия чорабинии бошукӯҳи фарҳангиву маърифатӣ таҳти унвони «Шукӯҳи Истиқлол» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши идона роҳбарияти ноҳия, намояндагони ташкилоту идораҳои давлатӣ, сокинони маҳаллӣ ва меҳмонон ширкат варзида, руҳияи баланди ватандӯстиву истиқлолхоҳиро таҷлил намуданд.

Ҳадафи баргузории чорабинӣ арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими ҳисси ваҳдату ифтихори миллӣ арзёбӣ шуд. Дар идома, барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ ва намоиши рақсу сурудҳои миллӣ идома ёфт. Зебоии чорабинӣ бо ҳунарнамоии сарояндаи маъруф Шаҳло Давлатова бештар афзуда, садои сурудҳои ватандӯстонаи ӯ руҳбаландӣ ва шукӯҳи махсус бахшид. Иштирокчиён бо самимият ва шодмонии идона ҳамроҳи сурудҳо ҳамовозӣ намуда, фазои ҷашнро боз ҳам рангорангтар карданд. Чорабинии «Шукӯҳи Истиқлол» на танҳо як ҳамоиши фарҳангӣ, балки рамзи ҳамбастагии мардум дар таҳкими арзишҳои истиқлолият ва эҳёи суннатҳои миллӣ унвон мешавад.

Сокинони ноҳия баргузории чунин иқдомҳоро муҳим дониста, онро омили таҳкими ваҳдати миллӣ ва болоравии эҳсоси масъулиятшиносӣ дар назди Ватан арзёбӣ мекунанд.

 

 


Баргаштан
Сегодня, 08:14