РАИСИ НОҲИЯ ҒОЛИБОНРО САРФАРОЗ ГАРДОНИД


                                        РАИСИ НОҲИЯ ҒОЛИБОНРО САРФАРОЗ ГАРДОНИД

     Санаи  15 сентябри соли ҷорӣ, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи назоратии раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло баргузор гардид. Дар ҷараёни ин ҷаласа варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд, бо иқдоми роҳбарияти ноҳия қадрдонӣ шуданд.

Раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло зикр намуд, ки дастгирии ҷавонони варзишгар яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии роҳбарияти ноҳия ба шумор меравад. Маҳз ҳамин дастгириҳо сабаб мегарданд, ки теъдоди бештари ҷавонон ба варзиш ҷалб шуда, дар сафи ғолибони мусобиқаҳои гуногун Парчами Ватанро баланд бардоранд. Қайд гардид, ки комёбиҳои варзишгарон на танҳо ифтихори ноҳия, балки сарбаландии тамоми ҷумҳурӣ маҳсуб меёбанд.

Раиси ноҳия ҳамчунин таъкид намуд, ки дастовардҳои ҷавонон барои ташаккули тарзи ҳаёти солим миёни ҳамсолонашон намунаи ибрат мебошанд. Бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои варзишгарон, онҳо бо Диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Гуфта шуд, ки чунин иқдомҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт ва дастгирии ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор хоҳад дошт.

 


Баргаштан
19-09-2025, 14:57