НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » РАИСИ НОҲИЯ ҒОЛИБОНРО САРФАРОЗ ГАРДОНИД
сентябрь 19 2025

РАИСИ НОҲИЯ ҒОЛИБОНРО САРФАРОЗ ГАРДОНИД

                                        РАИСИ НОҲИЯ ҒОЛИБОНРО САРФАРОЗ ГАРДОНИД

     Санаи  15 сентябри соли ҷорӣ, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи назоратии раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло баргузор гардид. Дар ҷараёни ин ҷаласа варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд, бо иқдоми роҳбарияти ноҳия қадрдонӣ шуданд.

Раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло зикр намуд, ки дастгирии ҷавонони варзишгар яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии роҳбарияти ноҳия ба шумор меравад. Маҳз ҳамин дастгириҳо сабаб мегарданд, ки теъдоди бештари ҷавонон ба варзиш ҷалб шуда, дар сафи ғолибони мусобиқаҳои гуногун Парчами Ватанро баланд бардоранд. Қайд гардид, ки комёбиҳои варзишгарон на танҳо ифтихори ноҳия, балки сарбаландии тамоми ҷумҳурӣ маҳсуб меёбанд.

Раиси ноҳия ҳамчунин таъкид намуд, ки дастовардҳои ҷавонон барои ташаккули тарзи ҳаёти солим миёни ҳамсолонашон намунаи ибрат мебошанд. Бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои варзишгарон, онҳо бо Диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Гуфта шуд, ки чунин иқдомҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт ва дастгирии ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор хоҳад дошт.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 19 сентябрь 2025 14:57
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 267
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
25 ноябрь 2023
Асосӣ / Фарҳанг
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ

ТА Ҷ ЛИЛИ Р Ӯ ЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ Ҷ УМ Ҳ УРИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ АЛОЛИДДИНИ БАЛХ Ӣ Бахшида ба иди Рӯзи

Маълумоти бештар
28 декабрь 2023
Асосӣ / Фарҳанг
ДАСТОВАРДҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ

ДАСТОВАРДҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ МАКТАБИ ВАРЗИШИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. Варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати

Маълумоти бештар
23 май 2024
Асосӣ / Маориф / Варзиш
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Дар толори Қасри фарҳангии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Ноябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Серхонанда