"РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД" - ИМКОНИ НАВИ ОМӮЗИШ ВА ЭҶОД БАРОИ НАВРАСОН |
|
"РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД" - ИМКОНИ НАВИ ОМӮЗИШ ВА ЭҶОД БАРОИ НАВРАСОН Бо ташаббуси муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, рӯзи 15 сентябри соли 2025 чорабинии маърифатию фарҳангии "Рӯзи дарҳои кушод" баргузор гардид. Ин иқдом бо мақсади ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба омӯзиши илму ҳунар, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва ба роҳ мондани омодагии онҳо ба донишҳои муосир роҳандозӣ шуд. Дар ин рӯз шумораи зиёди хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ширкат варзида, аз наздик бо имконияту шароити омӯзишии муассисаи мазкур шинос шуданд. Кӯдакону наврасони соҳибистеъдод дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла забономӯзӣ, фанҳои техникию табиӣ, инчунин курсҳои ҳунарҳои дастӣ ва эҷодӣ, имкони иштирок ва пешниҳоди истеъдоди худро пайдо карданд. Ҳамзамон, устодон ва омӯзгорони муассиса барои меҳмонон барномаҳои шиносоиро омода намуда, дар бораи самтҳои гуногуни таълим, усулҳои муосири дарсдиҳӣ ва нақши муҳими таҳсилоти иловагӣ дар баланд бардоштани савияи дониш ва малакаҳои насли наврас маълумот доданд. Мақсад аз баргузории чунин рӯзҳои маърифатӣ ин ҷалби кӯдакону наврасон ба муҳити созанда, ташвиқи онҳо ба ҷустуҷӯйи роҳҳои тоза дар илмомӯзӣ, тарбияи завқи эҷодӣ ва тақвияти неруи фикрӣ мебошад. Масъулин изҳор доштанд, ки муассиса дар оянда низ чунин ташаббусҳоро мунтазам амалӣ хоҳанд кард, то заминаи густариши дониш ва малакаҳои амалӣ барои хонандагон бештар фароҳам гардад.
Баргаштан |
| 22-09-2025, 08:07 |