НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » "РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД" - ИМКОНИ НАВИ ОМӮЗИШ ВА ЭҶОД БАРОИ НАВРАСОН
сентябрь 22 2025

"РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД" - ИМКОНИ НАВИ ОМӮЗИШ ВА ЭҶОД БАРОИ НАВРАСОН

                     "РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД" - ИМКОНИ НАВИ ОМӮЗИШ ВА ЭҶОД БАРОИ НАВРАСОН

         Бо ташаббуси муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, рӯзи 15 сентябри соли 2025 чорабинии маърифатию фарҳангии "Рӯзи дарҳои кушод" баргузор гардид. Ин иқдом бо мақсади ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба омӯзиши илму ҳунар, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва ба роҳ мондани омодагии онҳо ба донишҳои муосир роҳандозӣ шуд. Дар ин рӯз шумораи зиёди хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ширкат варзида, аз наздик бо имконияту шароити омӯзишии муассисаи мазкур шинос шуданд.

Кӯдакону наврасони соҳибистеъдод дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла забономӯзӣ, фанҳои техникию табиӣ, инчунин курсҳои ҳунарҳои дастӣ ва эҷодӣ, имкони иштирок ва пешниҳоди истеъдоди худро пайдо карданд. Ҳамзамон, устодон ва омӯзгорони муассиса барои меҳмонон барномаҳои шиносоиро омода намуда, дар бораи самтҳои гуногуни таълим, усулҳои муосири дарсдиҳӣ ва нақши муҳими таҳсилоти иловагӣ дар баланд бардоштани савияи дониш ва малакаҳои насли наврас маълумот доданд. Мақсад аз баргузории чунин рӯзҳои маърифатӣ ин ҷалби кӯдакону наврасон ба муҳити созанда, ташвиқи онҳо ба ҷустуҷӯйи роҳҳои тоза дар илмомӯзӣ, тарбияи завқи эҷодӣ ва тақвияти неруи фикрӣ мебошад.

Масъулин изҳор доштанд, ки муассиса дар оянда низ чунин ташаббусҳоро мунтазам амалӣ хоҳанд кард, то заминаи густариши дониш ва малакаҳои амалӣ барои хонандагон бештар фароҳам гардад.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 22 сентябрь 2025 08:07
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 59
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
03 март 2025
Фарҳанг
ОМӮЗИШИ ҲУНАР - РОҲИ

ОМӮЗИШИ ҲУНАР - РОҲИ МУВАФФАҚИЯТ ВА КОМЁБӢ Ҳунар яке аз сармояҳои бебаҳои инсон аст, ки онро бо ҳеҷ гуна дороӣ,

Маълумоти бештар
05 апрель 2023
Маориф
«ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ

«ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН» Ҳамасола аз 2 то 9 апрел дар шаҳру навоҳии кишвар Фестивали

Маълумоти бештар
22 сентябрь 2025
---
ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ҲАМАГОН МАСЪУЛ БОШЕМ!

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Ноябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Серхонанда