ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ҲАМАГОН МАСЪУЛ БОШЕМ!
Дар кишварамон аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистн “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак” 13 сол гузашт. Аммо мутаассифона ҳоло ҳам дар сифати таълиму тарбия мушкилиҳо зиёданд. Яке аз сабабҳои асосӣ он аст, ки ҳоло ҳам бисёр оилаҳоеро дучор меоем, ки таълиму тарбия ва саводнокшавии фарзандонашонро пурра ба зимаи мактабу омӯзгорон ҳавола мекунанд.
Аммо аз мазмуну мундариҷаи Қонуни мазкур бармеояд, ки масъулияти гузоштани хишти аввалро ба ояндаи фарзандон пеш аз ҳама волидон бояд ба зимма дошта бошанд, зеро дар рушди андешаронӣ дарку эҳсос, бедор кардани шавқу ҳавас ба омӯзиш ва инкишофи ҷаҳонбинии кӯдак падару модар нақши асосӣ доранд. Дар моддаи 7 бандҳои 3 ва 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак” чунин омадааст: “Дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳи сифати таълим ва дониши фарзандон дар муассисаҳои таълимӣ иштирок кунад.
Ба раванди таълим ва хониши фарзанд шинос шавад”. Вале сад афсӯс, ки бештари падару модарон роҳи мактаб, роҳбари синф ва омӯзгорони фарзвндонашонро намедонанд ва ҳатто ба даъвати директори муассиса ҳам ба мактаб намеоянд. Маҳз чунин муносибат муҳити носолимро ба вуҷуд оварда, сабабгори даст ба ҷиноят задани ноболиғон мегардад. Пас дар чунин вазъият чӣ бояд кард? Мо дар муассисаи таълимиамон барои ислоҳи ин вазъият қабл аз ҳама кори Иттиҳодияҳои методии роҳбарони синфҳоро беҳтар кардем ва онҳоро вазифадор кардем, ки алоқаро бо оила, бо волидони хонандагон пурра ба роҳ монда, аз вазъияти оилавии шогирдон бохабар шаванд ва бо падару модарони онҳо суҳбатҳо гузаронанд.
Дар натиҷа тавонистем, ки оҳиста-оҳиста падару модаронро ба мактаб ҷалб кунем. Ҳатто падару модарони фаъол ба мактаб меоянд. Дар дарсҳои омӯзгорон иштирок мекунанд ва кӯшиш мекунанд, ки фарзандонашон дар омӯзиш фаъол бошанд. Дар натиҷа мо муайян кардем, ки аксарияти хонандагони мушкилтарбия, ки ба оворагардӣ ва ҷинояткорӣ даст мезананд, аз оилаҳоеанд, ки муҳити солим ва падару модар надоранд, ҷудо шудаанд ё ба Русия рафтаанду фарзандонашон дар тарбияи хешовандон аст. Бо мақсади ба таълиму тарбия пурра ҷалб кардану ислоҳ намудани чунин хонандагон мо ҳамкориро бо мақомотҳои ҳуқуқӣ ба роҳ мондем.
Дар давоми сол 4 маротиба намояндаҳои ШВКД дар ноҳия, прокуратура, Ҷамоати шаҳраки Балх ва шуъбаи маорифи ноҳияро дар маҷлисҳои кумитаи падару модарони хонандагони мактаб даъват кардем 12 нафар падару модароне, ки дар иҷрои қонун бемасъулиятӣ кардаанд, аз тарафи прокуратураи ноҳия муҷозот ва ба маблағи 1600 сомонӣ ҷарима шуданд. Аз ҳама муҳимаш инки чорабиниҳо натиҷаи хуб доданд. Падару модар ба муассиса ҳамкорӣ карда, барои баланд бардоштани савияи дониши фарзандон ҳавасманд шуданд. Илова бар ин дар вақти сохтмони 24 синфхонаҳои иловагӣ 70 фоизи маблағи сохтмонро ҷамъоварӣ карданд, ки барои беҳтар шудани сифати таҳсилот пеш аз ҳама шароити хуби таълим лозим аст. Албатта, дар шароити хуб фарзандони онҳо дониши хуб мегиранд ва хуб тарбия меёбанд. Дар давоми таътили тобистонаи имсола падару модарони хонандагони синфҳои 1- 4 бо ташаббуси худ ба мактаб омада, синфхонаҳоро пурра ва хушсифат таъмир карданд. Аз ҳама бештар хубии кор дар он буд, ки хонандагон ба таҳсил ҷиддӣ машғул шуданд. Кӯшишҳои омӯзгорон натиҷаи хуб дод. Хонандагон аттестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ ва хатми муассисаро бомуввафақият супориданд. Аксари хонандагони муассиса ба Донишгоҳҳои олии кишварамон ва давлатҳои хориҷа дохил шуданд.
Як қисми комили онҳо донишҷўёни коллеҷҳои тиббӣ гардиданд. Бояд иқрор шуд, ки дар баробари волидон дар таълиму тарбияи кӯдакон мо омӯзгорон низ масъулияти баланд дорем. Ба ақидаи доктори илми педагогика Шодӣ Сафаров, дар тарбияи хонанда нақши омӯзгор басо бузург аст. Фарзанди солим босавод ва хушахлоқро ба воя расонидан вазифаи асосии омӯзгор аст. Имрӯз омӯзгорон бояд аз ҳарвақта дида ба кори таълиму тарбия хело ҷиддӣ муносибат кунанд. Бо ин мақсад мо омӯзгорон бояд тамоми дониш, маҳорат ва қувваамонро баҳри он сафарбар кунем, то ворисонамон солим, донишманд, боақл ва бомаҳорат ба камол расанда, дар оянда дар ободонии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд. Хуршедҷони ТОҲИРӢ, муовини директори МТМУ №1-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, оид ба таълим

Рускый
