АЗ ОРЗУ ТО ВОҚЕИЯТ: КОМЁБИИ ҲАСАНАЛИЗОДА МИРЗОАЛӢ ДАР ОЗМУНИ "ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ АЗИЗИ МАН"


АЗ ОРЗУ ТО ВОҚЕИЯТ: КОМЁБИИ ҲАСАНАЛИЗОДА МИРЗОАЛӢ ДАР ОЗМУНИ "ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ                                                                    АЗИЗИ МАН"

     Се сол пайиҳам орзуи иштирок дар озмуни бонуфузи ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» дар дили ҷавони ҳунарманд Ҳасанзода Мирзоалӣ ҷӯш мезад. Ҳар боре ки дар саҳнаи ин озмун овозҳои пурҳавас ва чеҳраҳои навро медид, дар дилаш оташи умед ва ҳавас меафрӯхт. Ва инак, пас аз се соли талошу сабр, орзу ба воқеият табдил ёфт - ӯ дар номинатсияи «Сарояндагӣ» байни синну соли 18 то 35-сола ширкат варзида, сазовори ҷойи сеюм гардид. Барои ин комёбӣ, Мирзоалӣ бо Диплом, Ҷом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуд.

Мкофоте, ки на танҳо нишони заҳмати чандсолаи ӯст, балки шаҳодати рушд ва истеъдоди ҷавонмардони фарҳангпарвари диёр низ мебошад. Ҳасанзода Мирзоалӣ зодаи Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадааст.

Ӯ таҳсилашро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии зодгоҳаш ба поён расонда, соли 2011 бо орзуи бузурги ҳунарпеша шудан, ба Донишгоҳи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил гардид. Пас аз хатми донишгоҳ дар соли 2016, ҷавони ҳунарманд фаъолияти худро дар бахши фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оғоз намуд ва то имрӯз бо меҳру садоқат дар ҳамин ҷода фаъолият дорад.

 Ба гуфтаи ҳамкоронаш, Мирзоалӣ сарояндаи боистеъдод, инсони меҳнатдӯст, хоксор ва фарҳангнигорест, ки бо садои ширину завқи баланд шунавандаро мафтун месозад. Имрӯз комёбии ӯ дастоварди шахсӣ, ифтихори ноҳия ва намунаи ибрат барои ҷавонони ҳунарманд аст, ки бо заҳмат ва устуворӣ метавон ба орзу расид.

 


Баргаштан
Сегодня, 08:34