НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » АЗ ОРЗУ ТО ВОҚЕИЯТ: КОМЁБИИ ҲАСАНАЛИЗОДА МИРЗОАЛӢ ДАР ОЗМУНИ "ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ АЗИЗИ МАН"
ноябрь 18 2025

АЗ ОРЗУ ТО ВОҚЕИЯТ: КОМЁБИИ ҲАСАНАЛИЗОДА МИРЗОАЛӢ ДАР ОЗМУНИ "ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ АЗИЗИ МАН"

МИҲД н. Ҷ. Балхӣ Сегодня, 08:34 --- 1

АЗ ОРЗУ ТО ВОҚЕИЯТ: КОМЁБИИ ҲАСАНАЛИЗОДА МИРЗОАЛӢ ДАР ОЗМУНИ "ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ                                                                    АЗИЗИ МАН"

     Се сол пайиҳам орзуи иштирок дар озмуни бонуфузи ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» дар дили ҷавони ҳунарманд Ҳасанзода Мирзоалӣ ҷӯш мезад. Ҳар боре ки дар саҳнаи ин озмун овозҳои пурҳавас ва чеҳраҳои навро медид, дар дилаш оташи умед ва ҳавас меафрӯхт. Ва инак, пас аз се соли талошу сабр, орзу ба воқеият табдил ёфт - ӯ дар номинатсияи «Сарояндагӣ» байни синну соли 18 то 35-сола ширкат варзида, сазовори ҷойи сеюм гардид. Барои ин комёбӣ, Мирзоалӣ бо Диплом, Ҷом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуд.

Мкофоте, ки на танҳо нишони заҳмати чандсолаи ӯст, балки шаҳодати рушд ва истеъдоди ҷавонмардони фарҳангпарвари диёр низ мебошад. Ҳасанзода Мирзоалӣ зодаи Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадааст.

Ӯ таҳсилашро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии зодгоҳаш ба поён расонда, соли 2011 бо орзуи бузурги ҳунарпеша шудан, ба Донишгоҳи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил гардид. Пас аз хатми донишгоҳ дар соли 2016, ҷавони ҳунарманд фаъолияти худро дар бахши фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оғоз намуд ва то имрӯз бо меҳру садоқат дар ҳамин ҷода фаъолият дорад.

 Ба гуфтаи ҳамкоронаш, Мирзоалӣ сарояндаи боистеъдод, инсони меҳнатдӯст, хоксор ва фарҳангнигорест, ки бо садои ширину завқи баланд шунавандаро мафтун месозад. Имрӯз комёбии ӯ дастоварди шахсӣ, ифтихори ноҳия ва намунаи ибрат барои ҷавонони ҳунарманд аст, ки бо заҳмат ва устуворӣ метавон ба орзу расид.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 18 ноябрь 2025 08:34
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 1
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 апрель 2024
Асосӣ / Фарҳанг
БОНУИ ПУРҲУНАР -

БОНУИ ПУРҲУНАР - БАРАКАТОВАРИ ХОНАДОН Ҳунар ганҷинаи пурзар ва ҳунарманд заргари бузургест, ки бо офаридаҳои

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Ноябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930