ҶАЛБИ ҶОМЕА БА ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ ТАВАССУТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТНОКӢ |
|
ҶАЛБИ ҶОМЕА БА ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ ТАВАССУТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТНОКӢ Рӯзи 7-уми октябри соли 2025 дар доираи чорабиниҳои идеологӣ, таблиғотӣ ва фаҳмонидадиҳӣ бо бошандагони деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хоса бо иштирокдорони раванди таълиму тарбияи муассисаҳои таҳсилоти умумии №№ 16 ва 18 бо усули "Мактаб ба мактаб" вохӯрию суҳбатҳо доир карда шуд. Мутмаинан бояд қайд намуд, ки дар таҳкими сиёсати мардумсолоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидор бо мардум агар аз як тараф эътимод ба сиёсати давлатдориро афзояд, аз тарафи дигар мардумро дар иҷрои корҳои созандагӣ неру ва тавон мебахшад. Ҳамзамон, аз ваҳдату ягонагӣ ва амну субот сухан гуфтан ва роҳҳои фаъолгардонии ҷомеаро дар ҳифзи музаффариятҳои Истиқлоли давлатии мардуми тоҷику тоҷикистонӣ ироа намудан низ мардумро ба ободкорӣ даъват намудан аст. Аз руҳияи кории иштирокдорони раванди таълиму тарбия ҳувайдо буд, ки онҳо сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллатро дар таҳкими соҳаи маориф дастгирӣ менамоянд ва ҷавобан ба ғамхориҳои давлат, фаъолона ба халқу Ватан хидмат менамоянд. Сухангӯён - намояндагони шуъбаиҳои маориф ва тандурустии ноҳия дар хусуси рушди таълиму тарбия ва некӯаҳволии мардум изҳори назар намуданд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки мардум аз дастовардҳои миллии даврони Тоҷикистони соҳибистиқлол изҳори қаноатмандӣ намуда, дар роҳи амалӣ намудани мақсадҳои созандагии Сарвари муаззами давлат сидқан фаъолият намуданро иброз доштанд. Дар ин радиф аз тарафи намояндаи соҳаи маориф ироа гардид, ки баланд гардидани маърифати донишгирии хонандагон ва рушди маданияти корбарии падару модарон ба ташаккули фарҳанги аҳли ҷомеа тақвият мебахшад. Насли наврасро ба ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносӣ ҳидоят менамояд. - Пешгирии бемориҳои гуногун аз табобат осонтар мебошад, - иброз намуд намояндаи соҳаи тандурустӣ. Ҳамзамон илова намуд, ки барои солим будан зарур аст, ки тозагиро нигоҳ дорем. Барои тоза нигоҳ доштани муҳит бояд ба корҳои кабудизоркунӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем. Ба ҳамин тариқ, вохӯриҳо бо ҳусни тафоҳум миёни мардум ташкил карда шуд. Шаҳло ШУКУРЗОДА, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба соҳаи иҷтимоӣ
Баргаштан |
| Сегодня, 08:37 |