НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ҶАЛБИ ҶОМЕА БА ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ ТАВАССУТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТНОКӢ
ноябрь 18 2025

ҶАЛБИ ҶОМЕА БА ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ ТАВАССУТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТНОКӢ

МИҲД н. Ҷ. Балхӣ Сегодня, 08:37 --- 0

               ҶАЛБИ ҶОМЕА БА ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ ТАВАССУТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТНОКӢ

      Рӯзи 7-уми октябри соли 2025 дар доираи чорабиниҳои идеологӣ, таблиғотӣ ва фаҳмонидадиҳӣ бо бошандагони деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хоса бо иштирокдорони раванди таълиму тарбияи муассисаҳои таҳсилоти умумии №№ 16 ва 18 бо усули "Мактаб ба мактаб" вохӯрию суҳбатҳо доир карда шуд.

Мутмаинан бояд қайд намуд, ки дар таҳкими сиёсати мардумсолоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидор бо мардум агар аз як тараф эътимод ба сиёсати давлатдориро афзояд, аз тарафи дигар мардумро дар иҷрои корҳои созандагӣ неру ва тавон мебахшад. Ҳамзамон, аз ваҳдату ягонагӣ ва амну субот сухан гуфтан ва роҳҳои фаъолгардонии ҷомеаро дар ҳифзи музаффариятҳои Истиқлоли давлатии мардуми тоҷику тоҷикистонӣ ироа намудан низ мардумро ба ободкорӣ даъват намудан аст.

 Аз руҳияи кории иштирокдорони раванди таълиму тарбия ҳувайдо буд, ки онҳо сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллатро дар таҳкими соҳаи маориф дастгирӣ менамоянд ва ҷавобан ба ғамхориҳои давлат, фаъолона ба халқу Ватан хидмат менамоянд. Сухангӯён - намояндагони шуъбаиҳои маориф ва тандурустии ноҳия дар хусуси рушди таълиму тарбия ва некӯаҳволии мардум изҳори назар намуданд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки мардум аз дастовардҳои миллии даврони Тоҷикистони соҳибистиқлол изҳори қаноатмандӣ намуда, дар роҳи амалӣ намудани мақсадҳои созандагии Сарвари муаззами давлат сидқан фаъолият намуданро иброз доштанд.

Дар ин радиф аз тарафи намояндаи соҳаи маориф ироа гардид, ки баланд гардидани маърифати донишгирии хонандагон ва рушди маданияти корбарии падару модарон ба ташаккули фарҳанги аҳли ҷомеа тақвият мебахшад. Насли наврасро ба ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносӣ ҳидоят менамояд. - Пешгирии бемориҳои гуногун аз табобат осонтар мебошад, - иброз намуд намояндаи соҳаи тандурустӣ. Ҳамзамон илова намуд, ки барои солим будан зарур аст, ки тозагиро нигоҳ дорем. Барои тоза нигоҳ доштани муҳит бояд ба корҳои кабудизоркунӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем. Ба ҳамин тариқ, вохӯриҳо бо ҳусни тафоҳум миёни мардум ташкил карда шуд. Шаҳло ШУКУРЗОДА, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба соҳаи иҷтимоӣ

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 18 ноябрь 2025 08:37
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 0
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
05 май 2025
---
ҲАР КӢ БАР ДУШМАНИИ ХАЛҚ

ҲАР КӢ БАР ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ ЧУ БАҲР, ЗУД БОШАД, КИ САРИ ХЕШ ЧУ ГИРДОБ ХӮРАД!

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Ноябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930