ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ВОЛИДОНИ ХОНАНДАГОН
Санаи 17 январи соли 2023 тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар толори МТМУ № 1 бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», таҳкими ҳамкории падару модарон бо маориф, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи фарзандон дар роҳи ватандӯстию ватанпарастӣ, таълими ғайрисамии динӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ- терроризму экстремизм, худкушию худсӯзӣ, ҳалли масъалаҳои аз таҳсил дур мондани ноболиғон, пешгирии содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар байни хонандагон, танзим, анана ва ҷашну маросимҳо вохӯрӣ ва мулоқоти муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат дар якҷоягӣ бо масъулони шуъбаи маориф, бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомот, бахши кор бо ноболиғон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва бахши фарҳанг бо омӯзгорон, падару модарони хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва гимназияи давлатии №1-и ноҳия баргузор гардид.