ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИКОРИХОЛӢБАРГУЗОРГАРДИД
Санаи 31 январи соли 2023 аз тарафи Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани бекорон бо ҷои кори доимӣ, аз ҷумла, ба корҳои сохтмонии НБО Роғун дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва бахши муҳоҷирати ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Дар ярмаркаи мазкур аз ноҳия 8 корхона иштирок намуда, дар он 54 номгӯи вакансияҳо ва ҷойҳои кори холӣ пешниҳод карда шуд. Дар ярмаркаи зикршуда вакансияҳо бо пешниҳоди маълумот оид фаъолият ҳаҷми музди меҳнат аз тарафи корхонаҳои зерин, аз қабили Неругоҳи барқии обии Роғун, Шуъбаи маориф, Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил», Идораи сӯхторхомӯшкунии ноҳия, Идораи беҳдошти замин ва Беморхонаи марказии ноҳия ба иштирокчиён пешниҳод гардид. Ҳангоми баргузории чорабинӣ инчунин, нозирони кадрии корхонаҳо иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур аз тарафи Шуъбаи маориф 34 ҷойи кори холӣ, Беморхонаи марказӣ 9 Маркази саломатии ноҳия 4 Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» 4 ҷойи кори холӣ ва дар маҷмӯъ 51 ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод карда шуд. Дар чорабинии болозикр 108 нафар шаҳрвандон иштирок намуда, зимни баргузории ярмарка ба 13 нафар шахсони бекор, ба корхона ва ташкилотҳо тавсиянома дода шуд, ки аз ин миқдор 9 нафар ба ҷойи кор таъмин карда шуданд.