НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Материалы за 15.05.2023

                         ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «ОИЛАИ МАСЪУЛИЯТШИНОС»

     Рӯзи 13 майи соли 2023 дар толори Мактаби байналмилалии Президентии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои ҷамъбасти даври вилоятии озмуни «Оилаи масъулиятшинос» бо иштироки сардори раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшоҳ ва дигар намояндагони мақомот, аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оилаҳои масъулиятшинос, аз тамоми ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид.

                                 ТОЗАКОРИИ ДАСТАҶАМЪӢ

   Имрӯз 13 майи соли 2023 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки тамоми корхонаю идораҳо ва фаъолон шанбегии дастаҷамъӣ гузаронида шуд. Дар ин рӯз ҷуйҳо поккорӣ шуда, роҳраву канори ҷодаҳо аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза карда шуданд. Ҳамзамон ба хотири сабзу хуррам гардонидани ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гулу буттаҳо ва дарахтони канори роҳҳо нигоҳубин ва об дода шуданд. Агар атроф тозаву озода муаттару дилнишин бошад, табъи кас низ болидаву хотир осуда мегардад. Набототу растаниҳо, ки асоси зебоии табиатро ташкил мекунанд, ҳамеша ба нигоҳубини дурусти инсоният ниёз доранд. Тасмим аст, ки ин тадбир минбаъд низ идома дода шавад. Парвина АҶИКОВА, "Навиди Балх"

 

 

     Санаи 12 майи соли 2023 дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ, деҳаи Суюнобод аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Риоева Ҷавоҳир-сармутахассиси бахши кор бо занон ва оила, Саидова Барно, сармутахассис - котиби комиссияи ҳуқуқи кӯдак, Шарипов Ҷонибек- директори маркази мубориза бо бемории ВНМО, Назарова Меҳрангез -муовини директори маркази саломатӣ ва Самиев Абдулмутолиб -эмомхатиби масҷиди ҷомеа бо сокинони маҳалла вохӯрӣ оид ба масъалаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» доир намуданд.

 

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Май 2023    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031