НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Материалы за 17.11.2022

                                                                МОДАРОН-ДУОГӮИПЕШВОИМИЛЛАТ              

  Санаи 16 ноябри соли 2022 дар толори китобхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо занони собиқадори ноҳия баргузор гардид. Сараввал муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат дар мавзӯи "Модарон- дуогӯи Пешвои муаззами миллат" суханронӣ намуд. Сипас якчанд нафар омӯзгорзанон дар мавзӯи болозикр андешаронӣ намуда, нисбат ба ғамхориҳои Роҳбари давлат, фарзанди арзандаи халқу миллати хеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таманниёти нек барои ҷоннисориҳои пайвастаашон карданд. Дар фарҷом занони собиқадори ноҳия бо сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд. 

 

 

 

 

 ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

   Дар таърихи давлатдории миллати соҳибтамаддуни тоҷик санаи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои зарҳалин сабт гардида, эҳтирому самимияти мардумро нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифода менамояд. Таърих ба Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз Эмомалӣ Раҳмонро ҳадя кард ва ин чеҳраи нуронии сиёсат барои миллати тоҷик ва мардуми тоҷикистонӣ бозёфти нодири таърихӣ маҳсуб гашт. Аз саҳифаҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон мо хуб дар ёд дорем, ки дар бунёд кардану азми ватандорӣ ба Пешвои муаззами миллат монеаҳои зиёде пеш омаданд, аммо руҳи шикастнопазираш хастагиро напазируфт.

 ТАҶЛИЛИРӮЗИПРЕЗИДЕНТИҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОНДАРНОҲИЯ

   Санаи 16-уми ноябри соли 2022 дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил карда шуд. Дар ҳамоиши идона раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва сокинон иштирок доштанд. Сараввал раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло ба сухан баромада, иброз намуд, ки ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан мебошад.

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Ноябрь 2022    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930