НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Материалы за 31.05.2024

«МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ПАДИДАИ НОДИР ВА БЕБАҲО» Таҳти ин унвон санаи 30 майи соли 2024

       Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, ректори Донишкадаи такмили ихтисоси вазорати адлия Собирзода Исфандиёр Салом, устоди Донишкадаи такмили ихтисоси вазорати адлия Иброҳимзода Толибҷон, кормандони Донишкадаи такмили ихтисоси вазорати адлия Дустов Каромиддин, Ҳасанзода Саломиддин, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, имомхатибон ва раисони маҳалла вохӯрӣ баргузор гардид. Мақсад аз вохӯрӣ оид ба эълон гардидани соли 2024 - «Соли маърифати ҳуқуқӣ», баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, огоҳ намудан аз хавфу хатари шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои характери экстремистӣ-террористидошта унвон карда шуда, зикр гардид, ки дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои характери экстремистӣ - террористидошта бетараф набошанд.

                                                     БОЗ ЯК МУВАФФАҚИЯТ

          Рӯзҳои 29-30-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Темурмалик озмуни даври вилоятии "Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2024" баргузор гардид, ки дар он хушбахтона директор - омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Зебунисо Қосимова бо нишон додани маҳорату малакаи баланди касбӣ сазовори ҷои аввал гардида, бо гирифтани Ифтихорнома ва туҳфаи хотиравӣ ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳхат гирифт. Умедворем, ки Зебунисо Қосимова дар даври ҷумҳуриявӣ низ муваффақ шуда, яке аз номбардорони вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мегардад.

 

                                                                             СУРАТГУЗОРИШ

    Санаи 28 майи соли 2024 дар Рӯзи таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Дидбонгоҳи сарҳадии Қисми ҳарбии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар "Дашти Хуршед"-и ноҳияи Панҷ маводҳои хӯрока ва дигар ашёи рӯзгор кумак расонида, ба сарбозони дидбонгоҳи мазкур дастархони идона ороста шуд.

  

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031