http://balkhi.tj/
Фаъолияти гуруҳҳои таблиғотӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
10-02-2021, 13:20 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Фаъолияти гуруҳҳои таблиғотӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

    Бо мақсади анҷом додани вохуриҳои тарғиботӣ миёни сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҷамоати деҳоти Ҳалевард бо иштироки кормандони сохторҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби зиёда аз 250 нафар сокинони маҳал ҷиҳати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохурӣ баргузор карда шуд.

    Муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат  зимни суханронӣ вобаста ба татбиқи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолгардонии шаҳрвандон дар амалӣ намуданиҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати занону бонувон, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз байн бурдани либоспушии ба фарҳанги миллати мо бегона, пешгирии пошхурии оилаҳои ҷавон, бақайдгирии ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият, дохилшавии хатмкунандагони МТМУ ба воситаи  Маркази Миллии Тестии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии кишвар суҳбату андешаронӣ доир карда шуд.  

    Баргузории корҳои тарғиботӣ дар самти татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад. скачать dle 12.1
Просмотров: 56  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.