http://balkhi.tj/
НИШАСТИ МАТБУОТИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ
16-02-2021, 14:39 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

НИШАСТИ МАТБУОТИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ

     Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва нақшаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 29 январи соли 2021, №7/20 тасдиқ гардида, имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия нишасти матбуотии назди раиси ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ- иқтисодии ноҳия дар соли 2020 бо иштироки намояндагони васеи васоити ахбори оммаи вилоятиву ҷумҳуривӣ баргузор гардид. 

      Сараввал раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ- иқтисодии ноҳия дар соли 2020 маълумоти муфассал доданд. Қайд карда шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия, амалигардонии консепсияҳо, стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ривоҷи соҳибкории хурду миёна, инчунин ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянро ба анҷом расонидааст. 

        Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 314 адад иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 245 адад иншоотҳои таъиноти гуногун ба истифода дода шуда, 69 адади он дар муҳлатҳои муайянгардида бо сифати баланд мавриди истифода қарор дода мешаванд.Дар самти таъмини ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони ноҳия дар ноҳия корхонаҳои нави саноатӣ ба истифода дода мешаванд, ки ба зиёд гардидани маҷмӯи маҳсулоти соҳаи саноат мусоидат менамояд. 

      Рӯзноманигорон ба саволҳои худ аз ҷониби раиси ноҳия муовинони раис ва дигар кормандони масъули сохторҳои дахлдор  посухҳои мушаххас гирифтанд.


скачать dle 12.1
Просмотров: 59  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.