http://balkhi.tj/
НИҚОБ ПӢШЕД ВА ФОСИЛАИ ИҶТИМОИРО РИОЯ КУНЕД!
17-02-2021, 14:27 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Ниқоб пӣшед ва фосилаи

иҷтимоиро риоя кунед!

        Муроҷиатномаи кормандони соҳаи

        тандурустии ноҳия ба сокинон

      Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба самъи мардуми шарифи ноҳия мерасонанд, ки бинобар сабаби дар бозорҳо риоя накардани қоидаҳои пешгирӣ: истифодаи ниқоби муҳофизатӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ на камтар аз 1,5 метр ва ғайра хатари паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 аз эҳтимол дур нест.

   Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи соҳибкорон, фурӣшандагон ва мардуми шарифи ноҳия хоҳиш карда мешавад, ки бо мақсади пешгирии панҳшавии бемории сироятии коронавируси нави COVID–19 баҳри солимӣ ва нигоҳдории саломатӣ дар бозорҳои ноҳия ба қоидаҳои зерин қатъиян риоя намоянд:

   1. Истифодаи ниқоби муҳофизатӣ.

   2. Шустани дастон бо собун ва ё маҳлулҳои антисептикӣ.

   3. Риоя намудани фосилаи иҷтимоӣ на камтар аз 1,5 метр.

   Дар сурати иҷро намудани қоидаҳои дар боло зикршуда мо метавонем худ ва аҳли оилаамонро аз бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ эмин нигоҳ дорем. Интихоби тарзи дурусти ҳаёт на танҳо муҳофизат аз бемориҳо, инчунин роҳи боварибахши табобат аст. Тарзи ҳаёти солим тарзи зиндагиест, ки сиҳатии ҷисмонӣ, рӣҳӣ ва иҷтимоии инсонро таъмин менамояд. 

скачать dle 12.1
Просмотров: 57  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.