http://balkhi.tj/
Ифтитоҳи чойхона ва тарабхонаи миллии “Шамсулло” ва тақдими тӯҳфаҳо ба ятимони кулли вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
25-03-2021, 13:56 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Ифтитоҳи чойхона ва тарабхонаи миллии “Шамсулло” ва тақдими тӯҳфаҳо ба ятимони кулли вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

25 март дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллатПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои чойхона ва тарабхонаи миллии “Шамсулло”-роки аз тарафи сокини ватандӯсти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Кароматулло Абдуллозода сохта шудаастмавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бо бунёди иншооти маишӣ 50 нафар бо кори доимӣ таъмин шудандДар рафти корҳои сохтмонӣ бошад, 500 сохтмончӣ соҳиби кор гашта буд.

Бино аз ду ошёна иборат буда, дар чойхона 150 ва дар тарабхона барои 200 нафар ҷойи нишаст муҳайё гардидаастЧойхона ва тарабхона бо тарҳи зебои меъморӣ дар давоми 1 сол бунёд шудадари даромадгоҳи он бо чуб кандакорӣберуни бино бо сангҳои ороишии истеҳсоли ватанӣ ва дохили он бо истифода аз услуби хоси миллӣ ва гаҷкорию оинабадӣ шудааст.

 Саҳни ҳавлии чойхонаи миллӣ бо сафолакҳои бетонии ороишӣ рӯйпӯш карда шудаастИнчунин дар гирду атрофи бино барои сокинон ҷойи сайру гашт ва тамошобо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва ду тарафи роҳравҳо бо гулу буттаҳои ороишӣ бунёд гардидааст.

Дар паҳлӯи бинои чойхона ва тарабхона ҳамчунин ҳуҷраҳои иловагӣ сохта шудааст ва имкон аст дар ин ҷо боз ба даҳҳо нафар мизоҷон хизмат расонда шавад.

 Иншооти мазкур бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳотсайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва соли таҷлили ҷашни бузурги миллӣ  30  солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

 Сокини ватандӯст Кароматулло Абдуллозода ният дорадки то ҷашни Истиқлол меҳмонхонаи боҳашамати “Наврӯз”-роки аз 4 ошёна иборат хоҳад будбунёд намоянд.

Пас аз шиносоӣ бо тарҳи бино ва шароити хизматрасонӣ дар он Пешвои миллат ба иқдоми сокинони ватандӯсти ноҳия баҳои баланд доданд.

Баъди ифтитоҳи иншооти наву муосир ва шиносоӣ ба дастовардҳои меҳнаткашони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ошёнаи дуюми бино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулли вилояти Хатлон вохӯрӣ анҷом додаба ҳамаи онҳо тӯҳфаҳои наврӯзии иборат аз сару либос, ширинӣ ва кумакҳои пулӣ тақдим карданд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, зимни ҳар як сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои наҷиби инсондӯстӣ ва ятимпарварӣ ба аёдати ятимони кулл рафтааз шароити будубоши онҳо дар хона-интернатҳо шинос мешаванд ва чун анъанаи накуи баҳорӣ кумакҳои моддӣ мерасонанд.

Дар мулоқоти имрӯза 150 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Ҷалолиддини БалхӣҶайҳунПанҷДӯстӣШаҳритусЁвон ва Носири Хусрав аз кӯмакҳои Пешвои миллат баҳравар гардиданд.

скачать dle 12.1
Просмотров: 42  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.