http://balkhi.tj/
Ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатии “Исмоил” ва майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
25-03-2021, 14:18 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатии “Исмоил” ва майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллатПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Наврӯзи деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои наву муосири Маркази ташхисию табобатии “Исмоил”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Зимни муаррифии ин марказ, ки аз 4 ошёна иборат аст, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шудки иншоот аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғолибҷон Холов” қомат афрохтааст.

Дар ошёнаи якуми бинои марказ дорухона ҷойгир мебошадДар ин ҷо намудҳои гуногуни маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ ба фурӯш гузошта шудаастБоиси тазаккур астки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаи омӯзиши гиёҳҳои шифобахш ва рушди соҳаи дорусозӣ дар кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунандНатиҷа ҳамин астки сол то сол дар мамлакат коркард ва истеҳсоли маводи дорувории ватанӣ ва ивазкунандаи воридот меафзоядАз ҷумлатамоми маводи доруворӣ ва маҳсулоти тиббиеки дар дорухонаи Маркази ташхисию табобатии “Исмоил” ба фурӯш гузошта шудаастсирф ватанӣ мебошанд.

 Дар як қисми дорухона гӯшаи гиёҳдармонӣ таъсис ёфтаастВоқеантабиати беназири Тоҷикистон дорухонаи табииеро мемонадки зери осмони кушод ҷойгир мебошадТибқи маълумоти мутахассисон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3 ҳазору 500 намуд растаниҳои шифобахш мерӯянд ва барои коркарди онҳо дар мамлакат чораҳои зарурӣ андешида мешавадБарги зуфиспандқоқӯдӯлонамеваи хучзиркзиракокутӣчойкаҳак ва ғайра номгӯйи нопурраи гиёҳҳои худрӯи шифобахши кишварро ташкил медиҳанд.

 Се ошёнаи болоии Маркази ташхисию табобатии “Исмоил” утоқҳои корӣҳуҷраҳои табобати дандонташхиси амрози занонаозмоишгоҳҳои таҳлили хунҳуҷраҳои бистарикунонӣошхона ва дигар иншооти ёрирасонро дар бар мегирад.

Иншооти нави соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба таври муосир бунёд ёфтадар он барои фаъолияти кормандон тамоми шароит фароҳам мебошад.

Лозим ба зикр аст, ки то мавриди истифода қарор гирифтани ин марказ, сокинони ҷамоати Навобод барои ташхис ва муоинаи баъзе бемориҳо ба маркази ноҳия ва вилоят сафар мекарданд. Акнун дар ин ҷо на танҳо ба сокинони ҷамоати мазкурбалки ба тамоми аҳолии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хизматрасонии хубу босифати тиббӣ пешниҳод карда мешавад.

Дар вақти корҳои сохтмонӣ дар иншоот коргарон аз ҳисоби сокинони ноҳия ҷалб гардидабо маоши хуб таъмин будандБо мавриди истифода қарор гирифтани марказ занони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Инчунин дар бинои ҳамин марказ корхонаи истеҳсоли докаҳои тиббӣ ба фаъолият шурӯъ намудКорхонаи мазкур низ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғолибҷон Холов” сохта шудаиқтидори истеҳсолии он солона зиёда аз 1 миллион баста докаи тиббӣ мебошадМаҳсулоти истеҳсолшуда ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст.

Корхонаи истеҳсоли докаҳои тиббии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғолибҷон Холов” бо дастгоҳҳои истеҳсолии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаастМаҳсулоти истеҳсолшуда дар дорухона ва дигар нуқтаҳои фурӯши маводи дорувории ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

Роҳбарияти ҷамъият нақша дорандки дар оянда фаъолияти коргоҳро васеъ кардаистеҳсоли дигар намуди маҳсулоти тиббиву дорувориро низ ба роҳ монанд.

Зимни шиносоӣ бо иншооти тозабунёдПешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорони деҳаи Наврӯзи ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро шоистаи таҳсин хондандРоҳбари давлат зикр намудандки чунин иқдомҳои сокинони ватандӯсти ҷумҳурӣ имкон медиҳандки ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи баланди меҳанпарастӣ ва бо дастовардҳои бузург таҷлил гардад.

Ҳамчунин, дар шафати маркази саломатӣ Пешвои миллатПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзишии болопӯшидаро мавриди истифода қарор доданд.

Ин иншоот, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд ёфтааст, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бегмурод Холов сохта шудаҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад.

Майдончаи варзишӣ дорои нишастгоҳҳо ва дигар иншооти ёрирасон мебошадИн майдонча дар заминаи нақшаи чорабиниҳо баҳри ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим бунёд гардидадар самти пешгирӣ аз кирдорҳои номатлуби онҳо мусоидат хоҳад кард.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даъват ба амал оварданд, ки аз чунин имкониятҳои мусоид васеъ истифода намоянд ва дар рушди ҳама намуди варзиш, аз ҷумла футбол дар ҷумҳурӣ саҳм гузоранд.

скачать dle 12.1
Просмотров: 34  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.