НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » Боздид аз намоишгоҳи Наврӯзи Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
март 21 2022

Боздид аз намоишгоҳи Наврӯзи Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

    21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи бошукӯҳи Наврӯзи Хатлон, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташкил ва баргузор шуд, дидан намуданд.

   Дар ҷашнвораи шукӯҳманди наврӯзӣ сокинони шарафманду меҳнатқарини 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон бо дили саршор аз меҳру муҳаббати ватандорӣ ва суруру шодмонӣ ширкат варзида, маҳсули заҳмат ва дастовардҳои меҳнатии худро ба намоиш гузоштанд.

   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунармандону катбонувони чирадаст суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба ҷашни ҷаҳонии Наврӯз самимона таҳният гуфтанд.

   Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун ҷашни кадимаи миллати тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик, таърихи беш аз 6 ҳазор сола дорад. Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ ва банёдкорӣ ҳидоят менамояд.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки яке аз рамзҳҳои дигари наврӯзӣ - тозаву озода кардани хонаву манзили зист, кӯчаву хиёбон ва шинонидани ниҳолу коштани донаи умед мебошад.

   Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ин ҷо хони идонаи ҳафтсину ҳафтшин, ки бозгӯи фарҳанги қадимаи дастархондории миллати кӯҳанбунёди тоҷик аст, ороста шуд. Инчунин катбонувони соҳибзавқу хушсалиқаи вилоят дар гӯшаҳои алоҳида маҳсулоти нонию қаннодӣ, аз ҷумла кулчаю қалама, чаппотию фатир ва дигар навъи шириниҳо омода ва пешниҳод карданд.

   Дар намоишгоҳи наврӯзӣ ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили зардӯзӣ, гулдӯзию кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ ва тоқидӯзию шерозбофӣ ба таври шоиста аз тарафи бонувони ҳунарманди вилоят муаррифӣ гардид. Бояд гуфт, ки ҳунарҳои қадимаи кандакорӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, сабатбофӣ ва оҳангарию дуредгарӣ низ дар байни сокинони шарафманди вилояти Хатлон солҳои охир аз нав эҳиё шуда, аз насл ба насл гузашта, рушду нумуъ меёбанд.

   Гӯшаи дигари базмгоҳи наврӯзиро ҳӯрокҳои миллӣ, аз қабили қурутобу шакароб, таҳмолу фатирмаска, оши бурида, дангича, суманаку самбӯса ва дигар ғизоҳои бо гиёҳҳои шифобахши баҳорӣ омодашуда зебу зиннат мебахшид. Дар дегҳои алоҳида катбонувон суманак омода мекараданд, ки он аз рамзҳои асосии ҷашни Наврӯз аст.

   Маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаю сабзӣ, пиёзу гулкарам, сирпиёзу шалғам ва гандуми биринҷ, ки маҳсули аҳли захмати кишоварзони вилояти Хатлон мебошад, ба намоиш гузошта шуд. Дар баробари ин маҳсулоти зиёди саноатӣ низ муаррифӣ гардид, ки бозгӯи рушди босуръати соҳаи саноати хӯрокворӣ дар вилоят аст.

   Ҳамчунин хоҷагиҳои ниҳолпарвари шаҳру ноҳияҳои вилоят ниҳоли дарахтони гуногуни мевадиҳанда, сояафкан ва ороиширо пешкаш намуданд. Ҳоҷагиҳои ҷангали вилоят низ беш аз 20 намуд хушкмеваи худрӯйро муаррифӣ намуданд, ки дорои унсурҳои бойи табиӣ буда, хусусиятҳои шифобахшӣ доранд.

   Яке аз таомулу ойинҳои Наврӯз низ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он ободкориву созандагӣ мебошад. Сокинони вилояти Хатлон аз қадимулайём бо заҳматдӯстиву ободкорӣ ва хештаншиносӣ машҳур гардидаанд. Онҳо дар ҳифзи ойину ҷашнҳои аҷдодӣ нақши басо арзишманд гузошта, имрӯз низ дар ин масир устуворона қадам мегузоранд.

   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки таҷлили ҷашни бостонии Наврӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ басо рамзӣ мебошад, зеро мардуми куҳанбунёди ин гӯшаи диёр дар пойдории асолат, пояҳои таърихиву фарҳангии Наврӯз ва ҳифзу идомаи накӯтарин анъанаҳои миллӣ саҳми басо арзишманд доранд.

   Наврӯз ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, айёми тавозуни зиндагӣ, оғози корҳои кишоварзӣ, киштукори баҳорӣ ва ҳама гуна ташаббусҳои созанда мебошад.

   Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо мардуми шарафманди тоҷик бисёр хушҳолу сарбаланд ҳастем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷашни воқеан мардумиро чун дастоварди бузурги хиради башар пазируфтааст. Бо қаноатмандӣ изҳор шуд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки сокинони сайёра ба ин ойини моҳиятан фарҳангиву инсонпарваронаи тоҷикон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи баҳамоӣ, таҳкими сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд.

   Хусусиятҳои хоси дигари ҷашни Наврӯз инсонпарварӣ, некиву накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

   Сокинони заҳматпешаи вилояти Хатлон бо барпо кардани намоиши дастовардҳо, анъанаҳои накуи наврӯзӣ, расму оинҳои миллӣ, маҳсули дасти кадбонуҳо, ҳунари устоҳои чирадаст, ташкили бозиҳои варзишӣ ин маконро ба базмгоҳи ҳақиқии идона табдил доданд.

prezident.tj

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Иштирок дар тантанаҳои

21 март дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи Мақбараи

21 март пас аз маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Пардабардорӣ аз рӯйи

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930