НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН» ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ .
апрель 03 2024

ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН» ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ .

ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН» ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

   Ҳамасола аз 2 то 9 апрел дар саросари мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад. Фестивали мазкур рӯзи 3 апрели соли 2024 бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, адиб ва сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Навиди Балх» Одиназода Ибодуллоҳ, мутахассиси пешбари бахши фарҳанг Гулмурод Кабиров, директори китобхонаи марказӣ Наргис Салимова, директори Осорхонаи таъриху кишваршиносӣ Шаҳзода Ибрагимҷонова, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Хайриниссо Қаҳорова ва китобдорони филиалҳо дар китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор карда шуд. Дар оғоз намоиши китобу дастовардҳои китобхонаи марказӣ, бачагона ва дастранҷи хонандагони мактаби санъати бачагона барпо гардид. Сипас, дар толори китобхона бо иштироки хонандагони фаъоли китобхонаи марказӣ, бачагона, мактаби санъати бачагона, муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ бо қироати шеър аз ашъори шоирон ва суруду рақсҳои дилангези кӯдакону наврасон баргузор гардид.

 Муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ зимни баромадаш китобдорону хонандагонро ба чорабинии мазкур табрик намуда, аз ҷумла қайд дошт, ки ҳадафи асосии баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад. Гуфта шуд, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои насли имрӯза озмунҳо ташкил карда шудааст, ки барои баланд бардоштани маънавияти хурдсолон то калонсолон роҳандозӣ шуда истодааст. Ин аз як тараф мардумро ба китобхонию ғизои маънавӣ гирифтан водор месозад. Ниёгони мо аз қадим то ба имрӯз китобхон буду китобхон мемонад, зеро китоб дӯсти беҳтарини инсон аст. Муҳимтарин вазифаи фестивал - арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, тарғибу ташвиқи адабиёти тозанашри илмӣ-оммавӣ, муаррифии беҳтарин асарҳои адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, дастраси кӯдакону наврасон гардонидани мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик тавассути ташкили маърӯзаҳо, дар ҳамкорӣ бо падару модарон боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи фарзандон, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии волидайн нисбат ба масъалаҳои хониши кӯдакону наврасон, ташаккули фарҳанги иттилоотии онҳо, бедор намудани майлу рағбат ва шавқу ҳаваси насли наврас ба мутолиаи китоб ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, кашфи истеъдодҳои ҷавон ва ташкили ярмаркаи китобҳои бачагона мебошад. Дар фарҷом аз тарафи китобхонаи марказӣ ба иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ Ифтихорнома ва ба таълимгирандагони муассисаҳои томактабӣ, ки онҳо низ фаъолона ширкат намуданд, ширинӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
05 апрель 2023
Маориф
«ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ

«ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН» Ҳамасола аз 2 то 9 апрел дар шаҳру навоҳии кишвар Фестивали

Маълумоти бештар
02 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш / Фарҳанг / Раияи ноҳия
1 АПРЕЛ - ОҒОЗИ ДАЪВАТИ

1 АПРЕЛ - ОҒОЗИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ! Тавре маълум аст, ҳамасола дар саросари кишварамон -Тоҷикистони азиз шурӯъ аз 1

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 

Серхонанда