НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Материалы за Июль 2023 года » Страница 3

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ

Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 6 июни соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Хочагии ба номи Турахон Эсанқулов-и ноҳия маҷлиси ҷамъбастӣ гузаронида шуд. Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия Сулаймонова Лола ва раиси Шӯрои собиқадорони ҳизбӣ Абдулҳаев Маҳмасаид иштирок намуд. Дар маҷлис масъалаҳо доир ба ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда, ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ, иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2024 ва ҳамзамон масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Сараввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда, шунида шуд. 

 

ИТТИЛОИЯ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ҲАЖДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАЪВАТИ ШАШУМ.

   Санаи 30 июни соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти раёсати раиси маҷлиси вакилони халқи ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон, Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид. Дар он барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баррасӣ карда шуд. Қурбонзода Қурбоналӣ муовини раиси ноҳия дар ин бора баромад намуда қайд намуд, ки мардуми сарбаланди ноҳия дар фазои тинҷиву амонӣ, сулҳу ваҳдат ва осоиштагии диёри азизамон – Тоҷикистон, чун аҳли кишвар, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллиро бо корҳои созандагию бунёдкорӣ ва бо ҳазорон орзую умедҳои нек истиқбол намуданд. Ҷиҳати амалишавии Барнома ва нақшаи чорабиниҳои Барнома бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста гардида, дар ин самт чораву тадбирҳо андешида мешавад. 

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Июль 2023    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31