НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Материалы за 17.07.2023

БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕЛЕВИЗОНИИ ЭҶОДИЁТИ ХАЛҚ «АНДАЛЕБ – 2023»

         ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Имрӯз 14 июли соли 2023, бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, АП-318, оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, дар Чойхонаи ба номи "Шамсулло"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Боймуродов Саидмурод, Ризоев Муҳаммад, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо ва дигар масъулин доир гардид. 

ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯРО ДОИР НАМУД

   Санаи 14 июли соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти Раёсати прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2 Собирзода И.М ҷаласаи васеъи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир гардид. Дар ҷаласа аъзоёни Шӯро, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини якуми раиси ноҳия, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, кумитаҳои маҳалла ва дигар шахсони масъул дар масъалаи баррасишавандаи дахлдор ширкат варзиданд. Дар кори ҷаласа ҳолати иҷрои талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 дар ҳудуди ноҳия ва чораҳои андешидашуда дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 

      МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯ

   Санаи 13-уми июли соли 2023 дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси назоратии назди муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ -Сангализода Қумриниссо баргузор гардид, ки дар он роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба соҳаи иҷтимоӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок доштанд. Муовини раиси ноҳия Сангализода Қумриниссо зимни баромадаш аз масъулини соҳа пурсиш ба амал оварда, барои пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ, рафти таъмири босифати муассисаҳои таълимӣ, таъмини либоси ягонаи мактабӣ ва барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳо доданд. Ҳайати иштирокдорон барои иҷрои вазифаҳои ҷамъиятӣ худро масъул дониста, ваъда доданд, ки то муҳлати муайяншуда супоришҳоро амалӣ менамоянд.

Навиди Балх

ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДӮХТАНИ ЛИБОСИ ЯГОНАИ МАКТАБӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

   Имрӯз 12 июли соли 2023 муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо аз рафти дӯхти либосҳои ягонаи мактабии ҶДММ «Сомон-И 2013» воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Балх ва коргоҳи дӯзандагии «Фирӯзаи Исматулло»-и Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуд. Дар ҶДММ «Сомон-И 2013» 20 нафар кормандон фаъолият намуда истодаанд, ки онҳо то инҷониб 12 ҳазор либосҳои ягонаи мактабӣ барои солҳои хониши 2023-2024 дӯхтаанд, ки аллакай ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас карда шуд. ҶДММ «Сомон-И 2013» ва коргоҳи дӯзандагии «Фирӯзаи Исматулло» аз зумраи корхонаҳое ҳастанд, ки барои мактаббачагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ либосҳои шинами мактабӣ ва барои кормандони беморхона хилъатҳову матоҳњои рӯкаш ва ҳамчунин либосҳои фарҳангӣ омода мекунанд. Айни замон дар корхонаҳои зикргардида дӯхтани либосҳои ягонаи мактабӣ бо маром идома дорад.

                             НАСЛИ КАЛОНСОЛ МУҲОФИЗИ НАСЛИ ҶАВОН АСТ

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 26-декабри соли 2019 дар мавриди афзоиши хатари терроризм ва экстремизм чунин таъкид намудаанд: «Авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст. Кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто, доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд». Бо дарки ин нуқта гуфтан зарур аст, ки идеологияи ифротгароёни динӣ пеш аз ҳама бар зидди идеологияи миллии мо, Истиқлолияти давлат, аз ҷумла ҳар як нафари мо равона гардидааст. Бар муқобили он имрӯз зарур аст, ки идеяҳои сатҳи баланд матраҳ шуда, мавриди амал қарор бигиранд. 

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Июль 2023    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31