"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"

         Санаи 18 майи соли 2023 дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо таҳти унвони “Шабе дар осорхона” баргузор гардид. Дар ин рӯз меҳмонон ва сокинони ноҳия ба тариқи ройгон аз нигораҳои таърихии Осорхонаи мазкур дидан намуданд. "Навиди Балх"

 

   ҶАВОНОН - НЕРУИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки дар муассисаҳи таълимии ноҳия вохӯриҳо бо хонандагони синфҳои болои гузаронида мешавад. 

   Санаи 18 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе натиҷагирӣ аз озмуни ҷумҳуриявӣ Осорхонаҳо таҳти унвони "Оинаи таърих" гузаронида шуд. Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сазовори ҷойи якум гардид.

                                                  ВОХӮРӢ БО ФАЪОЛОН

         Санаи 18 майи соли 2023 дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 вохӯрии раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Навоӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҳолати мелиоративии заминҳо ва бунёди иншоотҳои ҷашнӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, муроҷиатҳои фаъолон шунида шуда, ба масъулин, аз ҷумла муовинони раис, роҳбарони ташкилоту муассиса супоришҳои мушаххас дода шуд. "НАВИДИ БАЛХ"

 

 

 

                                Таъминоти кадри  дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

    Бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо қарорҳои раиси ноҳия имрӯз Қурбонзода Қурбоналӣ Муродалӣ ба мансаби муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ ва Сангализода Қумринисо Сафаралӣ ба мансаби муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ таъйин карда шуданд. Қурбонзода Қурбоналӣ тоинҷониб дар мансаби сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва Сангализод Қумринисо дар мансаби муовини сардори раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон фаъолият менамуданд. Масъулияти навбатӣ муборак бошад!

 

 

 

 

 

     Санаи 12 майи соли 2023 дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ, деҳаи Суюнобод аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Риоева Ҷавоҳир-сармутахассиси бахши кор бо занон ва оила, Саидова Барно, сармутахассис - котиби комиссияи ҳуқуқи кӯдак, Шарипов Ҷонибек- директори маркази мубориза бо бемории ВНМО, Назарова Меҳрангез -муовини директори маркази саломатӣ ва Самиев Абдулмутолиб -эмомхатиби масҷиди ҷомеа бо сокинони маҳалла вохӯрӣ оид ба масъалаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» доир намуданд.

 

                             МАРКАЗИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ЧАРОҒОН ШУД

   Дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифта, сокинон ният доранд, ки бахшида ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти таъиноти гуногунро бунёд ва мавриди истифода қарор диҳанд. Дар пайравӣ ба ин анъанаи нек ва саҳмгузорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон дар кӯчаи Румии Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳия 68 сутунпояи равшанидиҳанда, ки дарозиашон 12 метрро ташкил медиҳад, насб карда шуд. Чунин корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни миллӣ дар ноҳия ҷараён дошта, сокинони сарбаланди ноҳия нақша доранд, саҳми худро ба ин васила дар ободонии ин гӯшаи Тоҷикистони биҳиштосо гузоранд. "НАВИДИ БАЛХ"

ОЗМУНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» БАРГУЗОР ГАРДИД

   Санаи 3 майи соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор гардид. Озмун бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҷамъи довталабон баргузор гардид. Аз оғоз саҳни муассиса пур аз ҳаводорону иштирокчиёни озмун гардид, ки ҳар кадом бо ҳазорон боварӣ иштирок намуда, муваффақ шудан мехостанд. 

 СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ Санаи 3 ва 4-уми майи соли 2023 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва директорони муассисаҳои таълимии ноҳия семинар-машварат дар мавзӯи "Амалӣ намудани муқаррароти Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025" баргузор гардид.

  

СЕМИНАР ОИД БА ҒАЙРИНАҚДӢ БА РОҲ МОНДАНИ ПАРДОХТҲО

   Санаи 1 майи соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ дар самти истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайримоддӣ ва хизматрасониҳои фосилавӣ дар моҳи майи соли 2023 вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ сардори шуъбаи баҳогузорӣ, мониторинг ва фурӯши амволи Раёсати Бонк Давлатов Қосим, сохторҳои давлатӣ, фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар ташкилотҳо иштирок доштанд.

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июль 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031