ВОХӮРИИМУФИДДАРКОЛЛЕҶИЭНЕРГЕТИКИИНОҲИЯ

  Санаи 16 феврали соли 2023 дар толори коллеҷи энергетикии Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрӣ бо иштироки котиби илмии маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбеков Маҳрамбек, котиби илмии маркази исломшиносӣ, Ризоиён Шералӣ коршиноси ҷамъиятии таҳлил, Ғиёсов Маҳмуд коршиноси Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллзода Хатича мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Хатлон, Саидзода Гулҷаҳон сармутахассиси раёсати кор бо занон, Саидзода Шаҳло намояндаи раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Хатлон ва мудири бахши кор бо ҷавонони ноҳия Қурбонзода Хуршед бо сокинони маҳалла ва имомхатибон баргузор гардид. Мақсад аз баргузор намудани вохӯрии мазкур дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 " тарғиби тарзи ҳаёти солим , тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҷалби онҳо ба илмомӯзию донишандӯзӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ -терроризму экстремизм, содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ мебошад. 

 

   Суратгузориш аз рафти корҳои ободонӣ ва шинонидани гулҳои ороишӣ дар назди КДФ «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.

Суратгузориш аз рафти кандани заҳбуру заҳкашҳои байни хочагиҳои деқконии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. 11.02.2023

 


НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОМА

  Санаи 10 феврали соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма, нишасти матбуотии назди раиси ноҳия баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раисони ҷамоатҳо шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд. Дар оғоз аз ҷониби раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон роҷеъ ба фаъолияти рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия маълумотҳои мухтасар пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар соли 2022 дар ҳудуди ноҳия 33 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо истеҳсоли маҳсулот асосан бо ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ мода шудааст. Корхонаҳои саноатии ноҳия дар соли 2022 дар ҳаҷми 252 миллиону 769, 8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 53 миллиону 792 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 125, 8 фоизро ташкил намуд. Дар давоми соли 2022 дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ як миллиарду 429 миллиону 157 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 миллиону 366,6 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш 102, 8 фоизро ташкил медиҳад. Дар идома рӯзноманигорон вобаста ба пешравӣ ва дигар норасоиҳое, ки дар ташкилоту муассисахои ноҳия ба назар мерасад суолгузорӣ намуда, аз ҷониби раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ба суолҳои худ оид ба самти кишоварзӣ, корхонаҳои саноатӣ, ободонии роҳҳо, самти соҳаи маориф ва фарҳанг ҷавобҳои мушахас гирифтанд.

 

 


ВОХӮРӢ БО КОРМАНДОНИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ

    Санаи 9 феврали соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии муовини якуми раиси вилояти Хатлон муҳтарам Салимзода Амонулло Файзулло бо роҳбарони ташкилотҳои комплекси агросаноатии ноҳия, раисон ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид. Сараввал муовини якуми раиси ноҳия Холиқзода Рустам оид ба вазъи соҳаи комплекси агросаноатии ноҳия дар давоми соли 2022 маълумот дод. Салимзода Амонулло вазифаҳои навбатиро барои соли 2023 баён намуда, оид ба масъалаҳои шудгор кардани заминҳо, шинонидани зироатҳои полезӣ,тайёрӣ ба кишти пахта, барқароркунии боғу токзорҳо, зиёд намудани гармхонаҳо ва ғайраҳо андешаронӣ намуд. Раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон зимни суханрониҳои хеш қайд намуд, ки кормандони соҳаи комплекси агросаноатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тамоми қувваҳои худро баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон равона намуда, аз рӯи масъалаҳои баррасишуда протокол таҳия намуда, иҷрои супоришҳо таъмин ва назорат карда мешаванд.

 

 

 

 

 

 

 ВОХӮРИИ СУДМАНД

   Санаи 3 феврали соли 2023 дар Ҷамоати шаҳраки Гулистон бо иштироки муовини якуми раиси ноҳия Холиқзода Рустам, мудири бахши фарҳанг Латифзода Насиба, мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроия Ҷаъфарзода Фарзона ва муовини Ҷамоати шаҳраки Гулистон Гулрухсор Кабирова вохӯрии судманд бо фаъолони ҷамоати мазкур баргузор гардид. Зимни суханрониҳо муовини якуми раиси ноҳия Холиқзода Рустам дар зикр дошт, ки тамоми намояндагони корхонаву ташкилот ва хоҷагиву ҷамоатҳо ба ҳашари дастаҷамона бароянд. Аз ҷумла дар бораи кишту кор ва шинонидани гулу буттаҳо ва дарахтони сояафкану мевадиҳанда саҳмгузор бошанд . Қайд гардид, ки дар заминҳои хоҷагӣ кишту кор ба роҳ монда шавад. Инчунин дар ин вохӯрӣ аҳли толор низ фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

 

 

 

       МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ НАЗДИ ПРОКУРОРИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Санаи 2 феврали соли 2023 сол дар толори бинои прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи байниидоравии назди Прокурори ноҳия Собирзода И.М. баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини якуми раиси ноҳия Холиқзода Рустам, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаи идораи замини ноҳия, сардори ИДБЗО ва роҳбарони АИО ноҳия, сардори шабакаҳои барқи ноҳия, сардори нозироти андоз, сардор ва кормандони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳия, кормандони соҳавии прокурори ноҳия ва дигар шахсони масъули мақомотҳои дахлдор иштирок карданд. 

                                Мақоми зан дар партави сиёсати давлат

   Ҷамъи бузургони олам–инсонҳои худогоҳ, ватанхоҳу дилогоҳ, ободкору созанда, ғамхору дарёдилу ҷасур, халқпарвар ва ҷамъи эҷодкорон, ҷумлаи ҳунармандон, нақошону расомон, ҳайкалтарошон, хирадмандону саховатпешагон ҳама фарзанди зан-модар ҳастанд. . Мо, ҳамчун, ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.

ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИКОРИХОЛӢБАРГУЗОРГАРДИД

   Санаи 31 январи соли 2023 аз тарафи Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани бекорон бо ҷои кори доимӣ, аз ҷумла, ба корҳои сохтмонии НБО Роғун дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва бахши муҳоҷирати ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Дар ярмаркаи мазкур аз ноҳия 8 корхона иштирок намуда, дар он 54 номгӯи вакансияҳо ва ҷойҳои кори холӣ пешниҳод карда шуд. Дар ярмаркаи зикршуда вакансияҳо бо пешниҳоди маълумот оид фаъолият ҳаҷми музди меҳнат аз тарафи корхонаҳои зерин, аз қабили Неругоҳи барқии обии Роғун, Шуъбаи маориф, Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил», Идораи сӯхторхомӯшкунии ноҳия, Идораи беҳдошти замин ва Беморхонаи марказии ноҳия ба иштирокчиён пешниҳод гардид. Ҳангоми баргузории чорабинӣ инчунин, нозирони кадрии корхонаҳо иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур аз тарафи Шуъбаи маориф 34 ҷойи кори холӣ, Беморхонаи марказӣ 9 Маркази саломатии ноҳия 4 Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» 4 ҷойи кори холӣ ва дар маҷмӯъ 51 ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод карда шуд. Дар чорабинии болозикр 108 нафар шаҳрвандон иштирок намуда, зимни баргузории ярмарка ба 13 нафар шахсони бекор, ба корхона ва ташкилотҳо тавсиянома дода шуд, ки аз ин миқдор 9 нафар ба ҷойи кор таъмин карда шуданд.

 

 

 

 

Суратгузориш аз рафти иштироки масъулини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҷашни Садаи вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе. Санаи 28 ва 29-уми январи соли 2023.

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июль 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031