"КОРРУПСИЯ - ХАТАРИ ҶИДДӢ БАРОИ ҶОМЕА ВА НАСЛИ ОЯНДА" Таҳти ҳамин унвон 23 майи соли 2025 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи сатҳи ноҳиявӣ оид ба муқовимат бо коррупсия баргузор гардид. Ин ҷаласа бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дар ҳамкорӣ бо раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Бохтар доир шуда, ҳадаф аз он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими муборизаи дастаҷамъона алайҳи ин падидаи номатлуб буд. Дар ҷаласа намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Бохтар Акрамзода Ёсуман, муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ, намояндагони ҷамоати шаҳраки Балх, омӯзгорон, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, падару модарон ва фаъолони ҷомеа ширкат варзиданд. Сараввал, муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки коррупсия ҳамчун монеаи ҷиддӣ дар роҳи пешрафти давлату ҷомеа амал мекунад ва танҳо бо иттиҳоду масъулияти шаҳрвандӣ метавон онро решакан кард. Сипас, Акрамзода Ёсуман суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр кард: "Коррупсия на танҳо иқтисоди миллиро суст месозад, балки ба сатҳи боварии мардум ба ҳокимият зарбаи ҷиддӣ мезанад. Вақте ки қонун бо пул хариду фурӯш мешавад, дигар наметавон аз адолат ҳарф зад. Ин амали номатлуб ахлоқ ва виҷдони ҷомеаро мекушад, арзишҳои миллӣ ва диниро зери хатар мегузорад". Ӯ таъкид намуд, ки тарбияи дурусти насли наврас ва таҳкими маърифати зиддикоррупсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ яке аз роҳҳои муассири пешгирии коррупсия мебошад. Ба гуфтаи ӯ, агар фарзандон дар муҳите ба камол расанд, ки қонуншиканӣ ва порахӯрӣ маъмул бошад, эҳтимоли такрори чунин рафтор дар онҳо зиёд мегардад. Аз ин рӯ, ҳамкории зич миёни ҷомеа, муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти давлатӣ аҳамияти хосса дорад. Дар рафти ҷаласа иштирокчиён ибрози назар карданд, ки бояд ҳар як шахс, новобаста аз мақому вазифа, дар баробари қонун ҷавобгар бошад. Пешгирии коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки масъулияти умумимиллӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванд аст. Дар фарҷом аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар мубориза бо коррупсия фаъолона ширкат варзида, ба насли оянда муҳити солим, одилона ва шаффофро мерос гузоранд.