ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ» Санаи 6 июни соли 2023
Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» бо иштироки аъзои ҳакамон Саодат Алаёрова, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Зуҳро Атабоева, мудири бахши кор бо занон ва оила Ҷаъфарзода Фарзона, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Қурбонзода Хуршед ва директории китобхонаи марказӣ Наргис Салимова баргузор гардид. Дар озмуни мазкур хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кормандони баъзе ташкилоту муассисаҳо иштирок намуда, ғолибон ба даври сеюми вилоятӣ роҳхат гирифтанд.